Валентина Матвиенко азм дорад аввалҳои соли 2022 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко соли 2022 сафари корӣ ба Тоҷикистонро дар нақша дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Агар нақшаҳо тағйир наёбанд, охири моҳи феврал ният дорам ба Тоҷикистон биравам, зеро мо онҷо форуми ҳамкории байниминтақавӣ ва ҷаласаи комиссияро баргузор мекунем»,-гуфт Матвиенко дирӯз, 27 декабр дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои иҷлосияи тирамоҳии палатаи болоии парлумони Русия.
Вай хотиррасон кард, ки дар ҷаласаи охирини Шӯрои палатаҳо сенаторҳо аллакай нақшаи сафарҳои байналмилалиро барои соли оянда тасдиқ карданд. «Мо чунин меҳисобем, ки аз сабаби Ковид таваққуф ба қадри кофӣ тӯлонӣ буд ва мо бояд фаъолияти байнипарлумонӣ ва байналмилалиамонро ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар заминаи бисёрҷониба фаъолона идома диҳем»,-тазаккур дод Матвиенко.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко аҳамияти дастгирии қонунгузорӣ барои рушди муносибатҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро зикр карда буд. Вай дар ин бора моҳи ноябри соли гузашта дар Москва дар мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори назар намуд.
«Русия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Муносибатҳои байни мамлакатҳои мо дар тамоми самтҳо ба таври куллӣ рушд меёбанд. Ва масъалахои таъмини қонунгузории инкишофи муносибатҳои мо хеле муҳиманд. Мо омодаем, ки онҳоро бо шумо муҳокима кунем”,- иброз намуд ӯ.
Матвиенко ба нақши афзояндаи парлумонҳо «дар ҷаҳони мураккаби пурталотум» ишора карда, омодагии сенаторҳоро барои густариши равобити наздик бо палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон изҳор дошт. «Кишвари мо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст. Аммо инҷо на танҳо иқтисод, балки соҳаи гуманитарӣ, ҳамкории ҳарбию техникӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои мо низ ҳассос аст, мавҷуд аст”,-зикр кард сухангӯи Шӯрои федеролӣ.
Ба ақидаи вай, равобити байниминтақавии ду кишвар «хеле хуб рушд меёбад”. «Зиёда аз 60 субъекти Федератсияи Русия бо шарикони худ дар Тоҷикистон робита барқарор кардаанд. Ба фикрам, дар доираи комиссияи байнипарлумонии мо доимо назорат кардан зарур аст, ки созишҳо чӣ тавр ба даст оварда мешаванд. Мо, палатаҳои болоӣ, бояд ҳамкории мушаххасро ташвиқ кунем”,-гуфт Матвиенко.
Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳамкориро дар сатҳи минтақавӣ муҳим хонда, ҳамчунин гуфтаанд, ки иқтисод яке аз бахшҳои муҳими равобити Тоҷикистону Русия аст.
«Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи устуворро ишғол мекунад. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар дар 9 моҳи соли 2020 беш аз 720 миллион долларро ташкил дод”, — гуфтанд Раиси Парлумони Тоҷикистон.
Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки Русия шарики муҳими сармоягузории Тоҷикистон аст, аммо иқтидори ҳамкории иқтисодӣ пурра истифода намешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид






