HAPPY ANNIVERSARY! Тоҷикистон ва ИМА 30-солагии муносибатҳои дӯстона ва дипломатиро таҷлил менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 сол пеш, 25 декабри соли 1991 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 14 феврали соли 1992 мамлакатҳои мо дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аҳд карданд.
Дар варақаи иттилоотии сафорат зикр шудааст, ки аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ Иёлоти Муттаҳида ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллар барои рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба неруи барқ ва ба роҳ мондани равобити байнишахсӣ миёни мардуми кишварҳоямон кумак кардааст. Ин барномаҳо барои раҳоии хонаводаҳо аз камбизоатӣ, коҳиши камғизоӣ, афзоиши саводнокӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, наҷот додани ҳаёти мардум ва ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳои амниятӣ кумак кардаанд.
Сафорати ИМА дар Душанбе барои таҷлили 30-юмин солгарди равобити судманд ва дӯстона миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои оянда як силсила чорабиниҳо ва маъракаҳо баргузор хоҳад кард. Чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
24 декабр:
- Ифтитоҳи намоиши аксҳои аксбардорони ҳаваскори тоҷик аз саросари Тоҷикистон, даромади озод. Оғоз:17:00.
Аз 11 то 14 январ:
- Нишасти матбуотӣ бахшида ба 30-юмин солгарди муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон
- Нашри китоб оид ба таърихи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон.
- Нашри аксҳо дар бораи равобити Тоҷикистону Амрико.
- Ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо бахшида ба муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон.
- Нахустнамоиши филми мустанад дар бораи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон.
- Кушодашавии озмуни сурудҳои тоҷикию амрикоӣ.
Аз 17 то 23 январ:
- Сафари гурӯҳи мусиқанавозони «The Fremonts» аз шаҳри Боулдери иёлати Колорадо дар Тоҷикистон.
Феврал
- Аз 7 то 12 феврал: Сафари гурӯҳҳои мусиқанавозони Маркази неруҳои ҳавоии ИМА (AFCENT) дар Тоҷикистон.
- Аз 14 то 19 феврал: Фестивали намоиши филмҳои тоҷикию амрикоӣ.
Март
12 март: Рӯзи инноватсияҳо дар Маркази амрикоии шаҳри Душанбе.
- Нашри 1000 адад китоби комикс бахшида ба дӯстии ИМА ва Тоҷикистон.
Март-апрел
- Сафари мусиқанавозони тоҷику амрикоӣ дар доираи «Battle of the Bands».
Май
- Фестивали минтақавии Go Viral дар Душанбе
АКС: манбаъҳои боз








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






