Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Декабрь 20, 2021 08:43

ДУШАНБЕ, 19.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар Деҳлӣ нишасти 3-юми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳҳои таҳкими абзори мазкур, густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва пайванди байниминтақавӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳамкории муштарак дар татбиқи иқтидори бузурги рушди иқтисодию сармоягузорӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими бештари фаъолияти Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд. Дар ин замина мусоидат ба раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, нақлиётӣ, иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷиҳати тавсеаи иқтидор ва имконияти содиротӣ таъкид гардид.

Гузашта аз ин, намояндагони кишварҳои узви муколама перомуни равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият  дар Афғонистон ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ дар кишвар табодули андеша намуданд.

Дар интиҳо оид ба натиҷаҳои нишасти сеюми Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Декабрь 20, 2021 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд