Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шуъбаи СММ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар ҳошияи ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки 6-8 декабр дар шаҳри Женева баргузор мегарданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Таеҳо Ли, ҳамзамон муҳокимакунандаи якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС баррасӣ гардиданд.
Таеҳо Ли тибқи талаботи СУС ба ҳайси муҳокимакунандаи якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ намуд.
Завқӣ Завқизода ба Таеҳо Ли дар робита ба ризоияташон барои муҳокимакунии якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назари некашон нисбат ба дастовардҳои кишвар ҳамчун аъзои СУС миннатдорӣ баён намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






