ЗИ ҲАМРОҲОН ҶУДОӢ МАСЛИҲАТ НЕСТ. Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ ва ҳунарӣ баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, аҳли зиё, дустдорони ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Афғонистон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Муовини Раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки имрӯз Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно аст, мебояд аз ӯ ва ашъори пурҳикматаш, ки барои мо басо гиромист, бори дигар ёд кард.
-Мояи ифтихор ва сарафрозии мо, тоҷикон аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар хоки Тоҷикистон, дар Вахши зарнисор ба дунё омадааст ва таълими аввалияро ин ҷо гирифтааст. Мавлоно бо ишқи синасӯз — ашъори ҷонбахшу рӯҳбахшаш ба олам шӯр барангехт, ки то имрӯз аз гармии он дилу ҷони мо ва тамоми ҷаҳониён фараҳ мегирад. Ояндагон низ аз чакидаҳои хомаи ин нобиғаи олами маънӣ ҳаловат хоҳанд бурд, -афзуд Ато Мирхоҷа.
Дар маҳфил зикр шуд, ки дар арсаи олам шеъри Мавлоноро ба тарозуи имрӯзаи арзишҳои башарӣ бимонем, мебинем, ки ӯ яке аз пурхонандатарин шоирони ҷаҳонӣ аст. Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Мавлоно масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд. Ду нафар шоире, ки онҳоро тамоми ҷаҳон мехонаду аз гуфтаҳояшон иқтибос меоранд, ин Умари Хайём ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин зикр шуд, ки мардуми тоҷик бо осору афкори Мавлоно аз замонҳои пеш шинос буданд, вале шинохти бисёр хубу дақиқи мардуми тоҷик аз осору афкори ӯ дар солҳои соҳибистиқлолӣ шурӯъ гардид. Дар ин замина дар Тоҷикистон таҳқиқоти зиёд анҷом гирифтанд. Инчунин дар ин давра китобҳои Мавлоно ба хати кирилӣ нашр гардиданд.Соли 2008 бо ташаббуси Сарвари давлат дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки ба ин муносибат корҳои зиёде амалӣ гардиданд. Ҳар як хонандаи тоҷик бояд аз осори Мавлоно баҳра бигирад. Зеро осори Мавлоно як баҳри азимест, ки барои тамоми мардуми дунё, сарфи назар аз пӯсту забону мазҳаб офарида шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Аскар Ҳаким изҳор дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз шоирони бузурги олами ирфону тасаввуф аст, ки дар ҷаҳони фарҳангӣ бо номҳо ва тахаллуси Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлои Рум, Шамс машҳур аст. Аскар Ҳаким якчанд қиссаҳои ҷолибро дар бораи Мавлоно ба ҳозирин пешкаш намуд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки 17 декабр рӯзи даргузашти Ҳазрати Мавлоност, ки дар олами адаб бо номи «Рӯзи арӯс» ҳам маъруф аст. Шурӯъ аз соли 2007 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 30 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов зикр кард, ки соли 2002 дар ҳайати Комиссияи байнипарлумонии дӯстии Тоҷикистону Туркия ба шаҳрҳои Истамбул, Анқара, Бурда ва Қуния сафар доштаасту ба зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ расидаст ва он таассуроташро баён намуд. Аз ҷумла, Ибодулло Машрабов гуфт, ки он замон чун майи орзуи деринаро нӯш кардам, лаҳзае ҷисмамро нопайдову ҷонамро дар само дарёфтам ва чунин замзама кардам:
Бишнав аз ман чун ҳикоят мекунам,
Аз мазори ӯ ривоят мекунам
Манзили ӯро дурахшон ёфтам,
Дар миёни ҷамъи ёрон ёфтам…
Зикр шуд, ки Мавлоно дар замони худ бар алайҳи тафриқаву зиддиятҳои инсонӣ, хусусан зиддиятҳои диниву мазҳабиву мафкуравӣ, нифоқу ҷудоиандозиҳои мазҳабиву динӣ ғояи “Инсони комил” ва назарияи “Сулҳи кулл”-ро роҳандозӣ ва пайгирӣ карда буд. Андешаҳои ҷомеасозу ваҳдатписанди Мавлоно аҳли кулли мазҳабу равияҳои давронро ба дарёфту шинохти ҳақиқати дин ва Худои ягона раҳнамоӣ мекунанд. Таълимоти Мавлоно Руму Эрону Шому Миср, Синду Чину Мочинро дар замони худаш бо унвони “Мавлавия” фаро гирифта, то имрӯз идома дорад. Дар замони зиндагии Мавлоно аҳли дину мазҳабҳои гуногун дар ин таълимот ҳаммаслаки Мавлоно буданд ва аз назарияи “Сулҳи кулл”- ӯ дастгирӣ мекарданд. Ва рӯзе, ки ҷанозаи Мавлоноро аз кӯчаҳои Куния мебурданд, мусулмону насронӣ, габру яҳудиву буддоӣ ҳама аз пайи тобути ӯ равона буданд. Мавлоно тавониста буд бо ғояҳои баланди инсондӯстонаи худ нифоқу тафриқаҳои мазҳабиро барҳам занад ва ҳамаи намояндагои дину азҳобу қавму миллатҳои мухталифро дар зери ғояҳои башардӯстона ҷамъ оварад. Зеро барои Мавлоно инсон , мақому манзалат ва шарафу эътибори ӯ болотар аз ҳама сохтаву бофтаҳои одаму олам буд:
Чӣ тадбир, эй мусулмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусулмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз мулки ироқиям, на аз хоки Хуросонам!…
Имрӯз дар асри бисту як башарият боз ҳам ниёз ба ягонагиву ҳамраъйӣ ва ваҳдати кулл дорад ва табиист, ки ғояву андешаҳои Мавлонои башардӯст имрӯз ҳам дар пешгоми ҳаракат барои сулҳу осоиши дунё метавонанд қарор дошта бошанд. Тавре Мавлавии бузург гуфта:
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,
Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.
Баён гардид, ки ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ яке «Маснавии маънавӣ» ва дигаре «Девони кабир», ки асарҳои беназири натанҳо адабиёти форсӣ, балки тамоми башарият мебошанд, шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи оламиён доштааст.
Ҳамчунин дар ҳамоиши фарҳангӣ ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Давлатманд Холов бо сурудани таронаҳо аз ашъори ин орифи бузург табъи ҳозиринро болида гардонид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Китобхонаи устод Халилиллоҳи Халилӣ баргузор гардид ва дар он қироати ашъори Мавлоно, мусиқӣ, рӯнамоию эҳдои китоб барои иштироккунандагон сурат гирифт.
София Шоик,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»