Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби 15 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Copernicus аз фанҳои биология, математика, химия ва физика, ки дар иёлати Техаси ИМА баргузор гардид, сазовори 15 медал гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе миёни 25 давлати дунё иштирок намуда, ба гирифтани 2 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Инчунин хонандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» — и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Онҳо 1 медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд.
Олимпиадаи мазкур аз 8 то 16 январ аз фанҳои табиатшиносӣ, физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб аз беш аз 50 кишвари олам баргузор гардид. Дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, чун Фаронса, Италия, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Русия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африкаи Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра хонандагони Тоҷикистон аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи мазкурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро беҳбуд бахшидан ба маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мактабӣ, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст.
Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.
АКСҲО: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ









Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд






