МИЛЛИОНҲО НАФАР ХОНДАНД. Мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ бо хабаргузории «Синхуа» дар ВАО Чин инъикоси васеъ пайдо намуд

Январь 5, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/Тавре қаблан хабар дода будем, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон бо хабаргузории «Синхуа» мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом доданд. Мусоҳиба дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин инъикоси васеъ пайдо намуд,-иттилоъ додааст имрӯз хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи барқарории равобити дипломатӣ, 4 январ, хабаргузории «Синхуа», сомонаҳои Телевизиони давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CCTV), рӯзномаи «Global Times» ва ғайра матни аслии мусоҳибаи Рустами Эмомалиро нашр намуданд.

Аз ҷумла, «The Global Times» — рӯзномаи таблоидии чинӣ, ки таҳти сарпарастии рӯзномаи «Жэнмин Жибао» нашр шуда, ба масоили байналмиллалӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, пораеро аз мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ таҳти унвони «Мо аввалин кишваре дар ҷаҳон ҳастем, ки бо Чин шартнома ба имзо расонидаем» нашр намудааст. Он таваҷҷуҳи бисёр корбарони интернетии чиниро ба худ ҷалб карда, тақрибан 1 миллион тамошобин пайдо кардааст».

Ҳамзамон мусоҳибаи ихтисосӣ дар ахбори «Sina.com», «Новая волна», «163.com», «Ванъи», «Зарубежная сет» рағбати афзун ба миён оварда, дар даҳҳо воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи Чин бознашр гардид.

 АКСҲО аз бойгонии «Ховар»/скриншот

Январь 5, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд