МИЛЛИОНҲО НАФАР ХОНДАНД. Мусоҳибаи Рустами Эмомалӣ бо хабаргузории «Синхуа» дар ВАО Чин инъикоси васеъ пайдо намуд

Январь 5, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон бо хабаргузории «Синхуа» мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом доданд. Мусоҳиба дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Мардумии Чин инъикоси васеъ пайдо намуд,-иттилоъ додааст имрӯз хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи барқарории равобити дипломатӣ, 4 январ, хабаргузории «Синхуа», сомонаҳои Телевизиони давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (CCTV), рӯзномаи «Global Times» ва ғайра матни аслии мусоҳибаи Рустами Эмомалиро нашр намуданд.

Аз ҷумла, «The Global Times» — рӯзномаи таблоидии чинӣ, ки таҳти сарпарастии рӯзномаи «Жэнмин Жибао» нашр шуда, ба масоили байналмиллалӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, пораеро аз мусоҳиба бо Рустами Эмомалӣ таҳти унвони «Мо аввалин кишваре дар ҷаҳон ҳастем, ки бо Чин шартнома ба имзо расонидаем» нашр намудааст. Он таваҷҷуҳи бисёр корбарони интернетии чиниро ба худ ҷалб карда, тақрибан 1 миллион тамошобин пайдо кардааст».

Ҳамзамон мусоҳибаи ихтисосӣ дар ахбори «Sina.com», «Новая волна», «163.com», «Ванъи», «Зарубежная сет» рағбати афзун ба миён оварда, дар даҳҳо воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи Чин бознашр гардид.

 АКСҲО аз бойгонии «Ховар»/скриншот

Январь 5, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд