Ҷамшед Табарзода бо кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии шаҳри Душанбе мулоқот намуд

Январь 29, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати шарҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси Олӣ мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии пойтахт доир гардид, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зикр намуд, ки тавре Сарвари давлат дар Паёмашон таъкид намуданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, то фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.

«Мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз намоянд, онро боз ҳам ободу зебо гардонанд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд»-афзуд Ҷамшед Табарзода.

Инчунин зимни баромади иштирокчиён зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр зина ба зина заминаи моддию техникӣ ва ҳайати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт беҳтар гардида, шароити хуби кору фаъолият барои кормандони ин ниҳоди қудратӣ фароҳам шудааст. Мушоҳида ва таҳлилҳои охир нишон медиҳад, ки кормандони милитсия муҳофиз ва ҳомии халқу ватан будани худро бештар собит намуда, бо мардум дар ҳама бахшҳо ҳамкории судманд дорад.

Тазаккур дода шуд, ки саъю кӯшиши ҳар як корманди мақомоти милитсияи пойтахт ба он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъяитӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, субботу оромӣ дар кишвар, махсусан шаҳри Душанбе пойдор ва кифили пешравию рушди устувори  Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.

АКСҲО: МИҲД-и шаҳри Душанбе

Январь 29, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад