Андешаҳои фарҳангшиносон, фалаксароён ва устодони ҳунар роҷеъ ба ҷаҳонӣ гаштани фалак дар барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «ҒМ Ховар»

Январь 5, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Таваҷҷуҳ ба мероси фарҳангии халқ, махсусан мероси ниёгон аз ҷумлаи  муқаддасоте маҳсуб мешавад, ки барои ҳар миллат ва ҷомеа арзишманду шоиста аст. Жанри адабии фалак аз зумраи ин муқаддасот ва арзиши милливу фарҳанги маънавии тоҷикон аст, ки маҳз  дар замони соҳибистиқлолии давлат мақоми шоиста касб намуду  соли 2021 ҷаҳонӣ гашт. Дар ин замина донишмандон зикр мекунанд, ки ҳунармандон ва пажӯҳишгаронро зарур аст барои рушди минбаъдаи жанри фалак бештар таҳқиқоти густурда анҷом диҳанду шаклҳои нави дигари фалакро пайдо намоянд, то дар оянда мусиқии суннатии миллати тоҷик — фалак дар арсаи байналмилалӣ васеътар муаррифӣ гардад.

Фалак дар ҳаёти мардуми тоҷик чӣ аҳамият дорад? Ҷаҳонӣ шудани мусиқии суннатии миллати тоҷик- фалак ҷиҳати муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чӣ нақш гузошта метавонад?  Барои омӯзиши паҳлуҳои ноомӯхтаи ин жанри мусиқии қадимӣ кадом корҳоро бояд ба анҷом расонид? Таваҷҷуҳи ҷавонони санъатдӯст ба ин жанр чӣ гуна аст?

Баррасии ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» имрӯз, соати  17:30 ва (такроран) 21:30 аз «Радиои Ховар». 

Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.

Январь 5, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи дастгирии молиявӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шарҳ дода мешавад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» ду Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об шарҳ дода мешаванд
Барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» паҳлӯҳои ҳуқуқии истифодаи обро тавзеҳ медиҳад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд
Имрӯз — Рӯзи байналмилалии дарёҳо. Барномаи навбатии «Сарват»-и Радиои «Ховар» ба ин мавзӯъ бахшида мешавад
ВАО ва муаммоҳои экологӣ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Соли 2021 — яке аз ҳафт соли гармтарин дар таърих. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» роҳҳои мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбии иқлимро шарҳ медиҳад
Нақши захираҳои обии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»
Талоши табибон дар мубориза бо бемории COVID-19. Мавзӯъро барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» шарҳ медиҳад
Чаро соли 2022 дар мубориза бо тағйирёбии иқлим марҳилаи муҳим хоҳад буд? Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»