Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №6
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Исмоилзода М.И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №7
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Асозода М.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асозода Маҳмадумар Шамсулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №8
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Холиқзода М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Холиқзода Мавҷуда бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №9
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Ғуломзода М.Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғуломзода Муҳаммад Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №10
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори генералии Корхонаи
воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
озод намудани Табарзода Ҷ.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Табарзода Ҷамшед Авзал бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №11
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» озод намудани Раҳимзода С.И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳимзода Сайфидин Исмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №12
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Асозода М.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
АСОЗОДА Маҳмадумар Шамсулло
аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор мекунад
Соли таваллуд соли 1968 Ҷои таваллуд шаҳри Норак
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис — барқчӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не Вакили маҷлиси вакилони халкии шаҳри Норак
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2009 — Медали «Хизмати шоиста»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1985-1992 |
Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1992-1995 |
Муҳандис оид ба дифои релеи дараҷаи 2-ум, муҳандиси дараҷаи 1-ум ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Норак, ш.Норак |
01-04 соли 1995 |
Муҳандис оид ба дифои релеи ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқи техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
Солҳои 1995-1997 |
Сардори озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
Солҳои 1997-2006 |
Сардори шуъбаи истеҳсолӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
Солҳои 2006-2015 |
Сармуҳандиси НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак |
04-11 соли 2015 |
Муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати сиёсати энергетика ва зихира об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе |
Солҳои 2015-2022 |
Муовини якуми Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №13
ш. Душанбе
Дар бораи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Қурбонзода А.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
ҚУРБОНЗОДА Абдулло Абдураҳим
аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор мекунад
Соли таваллуд 7 январи соли 1965 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1985 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис-барқчӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, франсавӣ бо луғат
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1980-1985 |
Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1985-1987 |
Муҳандиси барқи КСМ-38 трести «Данғараводстрой», ноҳияи Данғара |
Солҳои 1987-1992 |
Сармуҳандиси Раёсати АМС ва савдои №14, ноҳияи Фархор |
Солҳои 1992-1995 |
Муовини директори Корхонаи хурди «Фирдавс»-и назди нашриёти «Ирфон», шаҳри Душанбе |
Солҳои 1995-1996 |
Мутахассиси Раёсати таъминоти моддию техникӣ ва сохтмони асосии Вазорати фарҳанг ва иттилоотӣ |
Солҳои 1996-2000 |
Сармуҳандиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2001 |
Муовини сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Торгмаш», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2002 |
Устои калони озмоишгоҳи хадамоти фурӯши барқ ва таъмири асбобҳои ченаки ШСХК «Барқи Тоҷик» |
Солҳои 2002-2006 |
Сардори сехи истифодабарӣ ва таъмири асбобҳои ченакии Раёсати «Фурӯши барқ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2007 |
Сардори Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2010 |
Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2014 |
Муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2014-2015 |
Сармуҳандиси, муовини сардори Раёсати «Фурӯши барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» |
04-11 соли 2015 |
Менеҷер оид ба тиҷорати Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2015-2021 |
Сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва зихираҳои об |
Солҳои 2021-2022 |
Муовини сардори Департаменти «Неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №14
ш. Душанбе
Дар бораи директори генералии Корхонаи воҳиди
давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
таъин намудани Давлатзода У.Г.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Усмон Гул директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
ДАВЛАТЗОДА Усмон Гул
аз 27 январи соли 2022 дар мансаби директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад.
Соли таваллуд 16 январи соли 1968 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм кардааст.
Ихтисос муҳандисӣ-сохтмонӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1985-1992- | Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ |
Солҳои 1984-1985 | Савдогар дар мағозаи №5 ноҳияи Данғара |
Солҳои 1986-1988 | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ |
Солҳои 1992-1993 | Васлгари дараҷаи 5 дар заводи оҳану-бетони шаҳри Норак |
Солҳои 1993-1995 | Муҳандис дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану бетони Норак |
Солҳои 1995-1998 | Иқтисодчӣ дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану-битони шаҳри Норак |
Солҳои- 04.02.1998 | Устои сехи №1 заводи оҳану-битони шаҳри Норак |
Солҳои- 04.02.1998 | Устои қисми ИССО дар КВС-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 1999-2001 | Сардори сех дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2001-2003 | Муҳандис дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2003-2005 | Муовини директори корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара |
Солҳои 2005-2007 | Сармутахассиси шуъбаи хизматрасони ва протоколии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2008 | Сармутахассиси Маҷмуи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2009 | Директори ҶДММ-и «Мутахассис» |
Солҳои 2009-2010 | Муҳандиси шуъбаи инженерӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2016 | Сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2016-2017 | Директори ҶДММ_и «Мутахассис» |
Солҳои 2017-2018 | Мухассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе |
Солҳои 2018-2021 | Сардори Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии шаҳри Душанбе |
Солҳои 2021-2022 | Сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №15
ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» таъин намудани Ғаффорзода Ҷ.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
ҒАФОРОВ Джурахон Маҳмадхонович
аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад
Соли таваллуд 9 феврали соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусравро ва соли 2015 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандис — энергетик
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1999-2005 | Муҳандиси шабакаҳои барқи ҷанубӣ |
Солҳои 1999-2005 | Мудири анбори шабакаҳои барқи ҷанубӣ |
Солҳои 2015-2016 | Директори шабакаҳои барқии ноҳияи Ёвон |
Солҳои 2016-2017 | Директори шабакаҳои барқии шаҳри Бохтар |
Солҳои 2017-2018 | Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Қубодиён |
Солҳои 2018-2019 |
Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Шаҳритуз |
Солҳои 2019-2020 |
Муовини сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Зафаробод |
Солҳои 2020-2021 |
Сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Гулистон |
Солҳои 2021-2022 |
Директори Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи -1 вилояти Суғд |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 27 январи соли 2022 №16
ш. Душанбе
Дар бораи муовини директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» таъин намудани Ҷабборзода Х.Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷабборзода Хуршед Бурӣ муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МАЪЛУМОТНОМА
Ҷабборзода Хуршед Бурӣ
аз 27 январи соли 2022 дар мансаби муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад.
Соли таваллуд: 14 феврали соли 1976 Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара
Миллат: тоҷик Таҳсилот: олӣ
Соли 1995 Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: Иқтисодчӣ-менеҷмент
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1995-1999 | Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистон |
Солҳои 2000-2003 | Муҳосиби ширкати тиҷоратии “Сорбонҷон” |
Солҳои 2003-2004 | Муовини директори ҷамъияти матлубот оид ба савдои Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара |
Солҳои 2004-2007 | Директори Итиҳодияи истеҳсолии нонпазӣ ноҳияи Данғара |
Соли 2007 | Мудири Шуъбаи маҳсулот таёркунии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара |
Солҳои 2007-2013 | Директори ҶДММ идораи маҳсулот таёркунии ноҳияи Данғара |
Солҳои 2013-2014 | Иқтисодчии КВД пармакунии чоҳҳои амудӣ Сарраёсати Тоҷикобдеҳот |
Солҳои 2014-2021 | Сармуҳосиб КВД пармакунии чоҳҳои амудӣ Сарраёсати Тоҷикобдеҳот |
Соли 2021 | Сармуҳосиби Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ |
Солҳои 2021-2022 | Директори корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ |