Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2022 11:55

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №6
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Исмоилзода М.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №7
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Асозода М.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Асозода Маҳмадумар Шамсулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №8
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Холиқзода М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холиқзода Мавҷуда бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №9
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
озод намудани Ғуломзода М.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғуломзода Муҳаммад Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №10
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори генералии Корхонаи
воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
озод намудани Табарзода Ҷ.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Табарзода Ҷамшед Авзал бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №11
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» озод намудани Раҳимзода С.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳимзода Сайфидин Исмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №12
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Асозода М.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА

АСОЗОДА Маҳмадумар Шамсулло

аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»  кор мекунад

Соли таваллуд   соли 1968           Ҷои таваллуд    шаҳри Норак

Миллат   тоҷик                                    Маълумот   олӣ

соли 1992  Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис — барқчӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не   Вакили маҷлиси вакилони халкии шаҳри Норак

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  соли 2009 — Медали «Хизмати шоиста»

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1992

Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1992-1995

Муҳандис оид ба дифои релеи дараҷаи 2-ум, муҳандиси дараҷаи 1-ум ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Норак, ш.Норак

01-04 соли 1995

Муҳандис оид ба дифои релеи ДТК-220 кВ озмоишгоҳи барқи техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

Солҳои 1995-1997

Сардори озмоишгоҳи барқӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

Солҳои 1997-2006

Сардори шуъбаи истеҳсолӣ техникии НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

Солҳои 2006-2015

Сармуҳандиси НБО-и Бойғозӣ, шаҳри Норак

04-11 соли 2015

Муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати сиёсати энергетика ва зихира об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе

Солҳои 2015-2022

Муовини якуми Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №13
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Ширкати
саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
таъин намудани Қурбонзода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА

ҚУРБОНЗОДА  Абдулло Абдураҳим

аз 27 январи соли 2022  дар вазифаи  муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»  кор мекунад

Соли таваллуд   7 январи соли 1965          Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат   тоҷик                                            Маълумот              олӣ

соли 1985 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос     муҳандис-барқчӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, франсавӣ бо луғат

Вакили халқ ҳаст ё не   нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не      не

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1980-1985

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1985-1987

Муҳандиси барқи КСМ-38 трести «Данғараводстрой»,  ноҳияи Данғара

Солҳои 1987-1992

Сармуҳандиси Раёсати АМС ва савдои №14, ноҳияи Фархор

Солҳои 1992-1995

Муовини директори Корхонаи хурди «Фирдавс»-и назди нашриёти «Ирфон», шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1996

Мутахассиси Раёсати таъминоти моддию техникӣ ва сохтмони асосии Вазорати фарҳанг ва иттилоотӣ

Солҳои 1996-2000

Сармуҳандиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино»,  шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2001

Муовини сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Торгмаш», шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2002

Устои калони озмоишгоҳи хадамоти фурӯши барқ ва таъмири асбобҳои ченаки ШСХК «Барқи Тоҷик»

Солҳои 2002-2006

Сардори сехи истифодабарӣ ва таъмири асбобҳои ченакии Раёсати «Фурӯши барқ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007

Сардори Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2010

Сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2014

Муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2015

Сармуҳандиси, муовини сардори Раёсати «Фурӯши барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»

04-11 соли 2015

Менеҷер оид ба тиҷорати Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2021

Сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва зихираҳои об

Солҳои 2021-2022

Муовини сардори Департаменти «Неругоҳҳои истеҳсоли барқу гармӣ»-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №14
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии Корхонаи воҳиди
давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
таъин намудани Давлатзода У.Г.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Давлатзода Усмон Гул директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА                  

ДАВЛАТЗОДА  Усмон  Гул

аз 27 январи соли 2022 дар мансаби  директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад.

Соли таваллуд  16 январи соли 1968     Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат тоҷик                                               Таҳсилот олӣ

соли 1992 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм кардааст. 

Ихтисос  муҳандисӣ-сохтмонӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1992- Донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Солҳои 1984-1985 Савдогар дар мағозаи №5 ноҳияи Данғара
Солҳои 1986-1988 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
Солҳои 1992-1993 Васлгари дараҷаи 5 дар заводи оҳану-бетони шаҳри Норак
Солҳои 1993-1995 Муҳандис дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану бетони Норак
Солҳои 1995-1998 Иқтисодчӣ дар шуъбаи банақшагирии заводи оҳану-битони шаҳри Норак
Солҳои- 04.02.1998 Устои сехи №1 заводи оҳану-битони шаҳри Норак
Солҳои- 04.02.1998 Устои қисми ИССО дар КВС-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара
Солҳои 1999-2001 Сардори сех дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара
Солҳои 2001-2003 Муҳандис дар корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара
Солҳои 2003-2005 Муовини директори корхонаи КСВ-и трести «Тоҷиктранстрой» дар ноҳияи Данғара
Солҳои 2005-2007 Сармутахассиси шуъбаи хизматрасони ва протоколии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008 Сармутахассиси Маҷмуи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009 Директори ҶДММ-и «Мутахассис»
Солҳои 2009-2010 Муҳандиси шуъбаи инженерӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2016 Сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ дар Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2017 Директори ҶДММ_и «Мутахассис»
Солҳои 2017-2018 Мухассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
Солҳои 2018-2021 Сардори Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии шаҳри Душанбе
Солҳои 2021-2022 Сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №15
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» таъин намудани Ғаффорзода Ҷ.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА

ҒАФОРОВ Джурахон Маҳмадхонович

аз 27 январи соли 2022 дар вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад

Соли таваллуд 9 феврали соли 1972           Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат тоҷик                                                      Таҳсилот олӣ

Соли  1994  Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусравро ва соли 2015 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос   муҳандис — энергетик

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1999-2005 Муҳандиси шабакаҳои барқи ҷанубӣ
Солҳои 1999-2005 Мудири анбори шабакаҳои барқи ҷанубӣ
Солҳои 2015-2016 Директори шабакаҳои барқии ноҳияи Ёвон
Солҳои 2016-2017 Директори шабакаҳои барқии шаҳри Бохтар
Солҳои 2017-2018 Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Қубодиён

Солҳои 2018-2019

Сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Шаҳритуз

Солҳои 2019-2020

Муовини сардори шабакаҳои барқии ноҳияи Зафаробод

Солҳои 2020-2021

Сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Гулистон

Солҳои 2021-2022

Директори Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи -1 вилояти Суғд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 27 январи соли 2022 №16
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори
генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии
манзилию коммуналӣ» таъин намудани Ҷабборзода Х.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҷабборзода Хуршед Бурӣ муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

МАЪЛУМОТНОМА

Ҷабборзода Хуршед Бурӣ

аз 27 январи соли 2022 дар мансаби муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор мекунад.

Соли таваллуд: 14 феврали соли 1976    Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара

Миллат: тоҷик                                              Таҳсилот: олӣ

Соли 1995 Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: Иқтисодчӣ-менеҷмент

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

Вазъи оилавӣ: оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995-1999 Донишкадаи Тиҷоратии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2003 Муҳосиби ширкати тиҷоратии “Сорбонҷон”
Солҳои 2003-2004 Муовини директори ҷамъияти матлубот оид ба савдои Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара
Солҳои 2004-2007 Директори Итиҳодияи истеҳсолии нонпазӣ ноҳияи Данғара
Соли 2007 Мудири Шуъбаи маҳсулот таёркунии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара
Солҳои 2007-2013 Директори ҶДММ идораи маҳсулот таёркунии ноҳияи Данғара
Солҳои 2013-2014 Иқтисодчии КВД пармакунии чоҳҳои амудӣ Сарраёсати Тоҷикобдеҳот
Солҳои 2014-2021 Сармуҳосиб КВД пармакунии чоҳҳои амудӣ Сарраёсати Тоҷикобдеҳот
Соли 2021 Сармуҳосиби Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ
Солҳои 2021-2022 Директори корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ
Январь 27, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд