Ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Екатеринбург қарордошта кумак расонида шуд

Январь 6, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 06.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси муовини аввали Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Ёқуб Умаров барои ҳамватанони  мо — муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр қарор доранд, дасторхон ороста шуда, онҳоро бо оши палав зиёфат кард, хабар медиҳад рӯзноманигори тоҷик Талабшо Холиқзод дар саҳифаи худ дар «Фейсбук».

Аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ва дигар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон дар ин кишвар ба ин ҳамватанони  мо — муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳамчунин кумаки ҳуқуқӣ ва машваратӣ расонида мешавад.

«Чунин иқдомҳои инсондӯстона нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик   аз ҷониби  ҳамватанони мо, бахусус соҳибкорон,  ки дар Федератсияи Русия  имконоти зиёди расонидани  кумакро  доранд, пайваста роҳандозӣ мегарданд. Ин амали онҳо шоистаи таҳсин ва намунаи пайравист», — таъкид кардааст Талабшо Холиқзод.

Мавриди ёдоварист, ки Фармони  Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021  «Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)»   30 декабри соли 2021 ба анҷом расид. Соли 2022 будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин қаламрав меоянд ё дар Федератсияи Русия (ФР) будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия  амалӣ гардонида мешавад.

Тавре масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, шаҳрвандоне, ки соли гузашта натавонистанд, ки дар  доираи фармони  мазкур будубоши худро  расман дар  қайди давлатӣ гузоранд ва ё натавонистанд барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд,  бояд қаламрави Федератсияи Русияро тарк намоянд.

Ба таваҷҷуҳи  шаҳрвандони  Тоҷикистон -муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонем, ки  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мо  ва  расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо моҳи декабри соли 2021   дар қаламрави Федератсияи Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст. Мутахассисони соҳа тавассути рақами +7(495)9679844 вобаста ба масъалаҳои ҳифзи  ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва  қонунгузории Федератсияи Русия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд. Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи  2-юми  Тверская — Ямская, бинои  40\3,  қатори  1, бинои  201, 207, 214 воқеъ гардидааст.   Дар ҳолатҳои  зарурӣ шаҳрвандони мо  инчунин метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо  телефонҳои зерин:  +7(926)255-09-27; +7(968) 733 00 00, сомонаи расмии  www.tajmigration.ru. почтаи электронии  prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.

АКСҲО аз саҳифаи Талабшо Холиқзод дар  «Фейсбук»

Январь 6, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид