Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд

Январь 6, 2022 16:19

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври муқаррарӣ фаъолият менамоянд.

Бо дарназардошти амалҳои ғайриқонуние, ки дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Қазоқистон дида мешаванд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави он кишвар қарор доранд, хоҳиш мегардад, то ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд.

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо исрор тавсия дода мешавад, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи низоми фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.

Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд.

Ҳамзамон аз шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори хоҳиш мегардад, ки аз сафар ба Қазоқистон, то пурра ба эътидол омадани вазъ худдорӣ намоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 6, 2022 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд