Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»: Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро то соли 2030 ба 10 ҳазор мегаватт баробар менамояд
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро то соли 2030 ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ин тадбир на танҳо барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба беҳбудии минтақа нигаронида шудаанд. Тибқи маълумоти расмӣ, имрӯз дар мамлакат 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари шашуми пешсафи сайёра мебошад.
Ба иттилои сардори Раёсати сармоягузории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Раҳимзода, давоми соли 2021 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо вобаста ба соҳаи энергетика тадбирҳои судманду саривақтӣ роҳандозӣ менамояд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба вазъи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар соли 2021 ва дурнамои он имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.