«БЕҲТАРИН КИТОБХОНАИ НАЗДИМАКТАБӢ». Китобхонаи Гимназияи №1-и Истаравшан ғолиби озмун гардид

Январь 25, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд аз ҷамъбасти озмунҳои «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ» ва «Китобдори беҳтарин» дар соли 2021 хабар дод, ки дар натиҷа китобхонаи наздимактабии Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан ғолиб ва барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ дар соли 2021» гардид, иттилоъ дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Озмуни мазкур бори нахуст ташкил гардида, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ аз ҳадафҳои баргузории он буд.

Даври аввали озмуни «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, аз ҳисоби беш аз 900  китобхонаи наздимактабӣ 35 китобхона ба даври вилоятии озмун роҳ ёфт.

Бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобшиносӣ аз Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, намояндагии Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кормандони Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд давоми моҳҳои май — сентябр аз китобхонаҳои мазкур боздид намуда, дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон ғолибон муайян карда шуданд.

Китобхонаи наздимактабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввал, китобхонаҳои наздимактабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашт ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Мастчоҳ мақоми дуввум, китобхонаи наздимактабии МТУҒ «Мактаби Акрам»-и ноҳияи Спитамен, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Панҷакент ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд мақоми саввумро касб намуданд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ» аз озмуни «Китобдори беҳтарин» низ натиҷагирӣ карда шуда, дар охир китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Деваштич Сӯҳроб Солиев, мудири китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и шаҳри Конибодом Санавбар Ҷумаева, китобдори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Зафаробод Сойира Мирзоева, мудири китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Шаҳодат Қобилова ва мудири китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Шаҳристон Хоҷабек Ҳамдамов беҳтарин китобдорон дар соли 2021 ҳисобида шуданд.

Ба ғолибони озмун Диплом, лентаи рамзӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ (бастаи китобҳои бадеӣ) тақдим гардид. Қарор аст озмуни мазкур соли 2022 низ баргузор карда шавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 25, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст