Бо мақсади бартараф намудани садамаҳо миёни ронандаҳои таксӣ корҳои таблиғотии муштарак роҳандозӣ шуданд

Январь 31, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани сабабҳои ба садама алоқаманд ва беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои ағба ва кӯҳӣ миёни ронандагони таксиҳои шахсӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳангоми гузаронидани ин корҳо  бо истифода аз мошини махсуси таблиғотӣ дар истгоҳҳои таксӣ, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Рашт, Лахш, Кӯлоб ҳаракат мекунанд, ба ронандагону мусофирон дар бораи ҳолати роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон ва садамаҳои нақлиётӣ наворҳо намоиш дода шуданд. Кормандони БДА оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва меъёри суръат тавсияҳо доданд.

Зимни суҳбатҳо кормандони КҲФ ва МГ бори дигар хотиррасон карданд, ки ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои тармахезу сангрез ҳушёр бошанд ва дар ҳолати рух додани ҳар гуна ҳолати фавқулода зуд ба кумак даъват кунанд. Ҳамзамон ба онҳо рақамҳои телефони воҳидҳои наҷоту имдодро доданд.

Ба ронандагон дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва бахусус  COVID-19, ки ҳоло ба сурати ҳамагир вуҷуд дорад ва ҳар лаҳза метавонад ба одамон сироят кунад, видеороликҳо намоиш дода шуданд. Дар ин наворҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ва риояи низоми беҳдошт ба хотири пешгирӣ аз сироят ба беморӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ сухан мерафт.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 31, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад