«БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД». Ҷаласаи солонаи ҳайати мушовара дар Вазорати маориф ва илми мамлакат

Январь 6, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 5 январ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазоратҳои корҳои дохила, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи миллии илмҳо, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ, сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд.

Вазири маориф ва илми кишвар М.Имомзода вобаста ба фаъолияти муассисаҳои соҳа дар соли 2021 ҳисоботи муфассал дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли 2021 тамоми раванди маорифи миллии кишварро таҳлилу баррасӣ карда, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир чунин нуктаҳои хирадмандонаро иброз намуданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.” Бино ба суханони Имомзода, ин назари неки  Сарвари  давлат моро водор месозад, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф, беҳтар гардонидани сифтаи таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари худ ҷаҳду талоши бештаре намоем.

Дар идомаи маърузаи ҳисоботӣ вазир фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, маблағгузории соҳа ва таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Э.Насриддинзода ба сухан баромада, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қ.Хушвахтзода, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Х.Қурбонзода, прокурори калони раёсати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ М.Наботов, сармутахассиси раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо М.Одиназода ба музокира баромада, ҳисоботи вазири маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд ҳамзамон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм таклифу пешниҳодоти худро манзур карданд.

Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки новобаста аз корҳои ба сомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасад ва Вазорати маориф ва илм боварӣ дорад, ки ин камбудиҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо идома хоҳад ёфт.

                     АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Январь 6, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд
Ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос гардид
Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст
Панҷ ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши либоси мактабӣ оғоз мешавад
Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»
Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводҳои ғизои мактабӣ дастрас мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 19 кВт ба истифода дода шуд
Дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишварҳои Аврупо рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намудаанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Турсунзода бинои иловагии панҷ муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мактаби тобистона ба кори худ оғоз намуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 2024 эълон намуд