Чаро соли 2022 дар мубориза бо тағйирёбии иқлим марҳилаи муҳим хоҳад буд? Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ суръати тағйирёбии иқлимро афзоиш дода, фаъолиятро пас аз Конфронси тағйирёбии иқлим дар Глазго соли 2021 беҳтар мекунад, мо таваҷҷуҳи шуморо ба чанд рӯйдоди асосии глобалӣ дар соли 2022 дар асоси сарчашмаҳои дастрас ҷалб менамоем, ки хусусияти мубоҳисаҳои муҳимро муайян намуда, ба қарорҳои сиёсати давлатӣ оид ба яке аз масъалаҳои муҳими замони мо- тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд.
Рўйдоди нахустин дар ин самт Конфронси 5-уми СММ оид ба кишварҳои сусттараққикарда мебошад, ки соли 2022 дар Қатар баргузор мегардад.
Дар Конфронси 5-уми СММ оид ба кишварҳои сусттараққикарда дар шаҳри Давҳаи Қатар дар назар аст, ки соли 2022 мизи мудаввари сатҳи баланди мавзӯӣ оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардад, то нисбат ба мушкилоти беназир ва таъхирнопазире, ки кишварҳои сусттарақикарда бо он дучор шудаанд, барои рушди муҳими иқтисодии ин кишварҳо тадбирҳои махсус андешида шаванд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба рӯйдодҳои асосии глобалӣ дар соли 2022 имрӯз, соатҳои 11:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






