Дар Донишгоҳи давлатии Данғара Паёми Президенти Тоҷикистонро тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Каромиддин Холзода, муовини раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори бахши гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷии мамлакат ва натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли гузашта ибрози назар намуда, соли 2021-ро соли таърихӣ унвон намуд. Гуфта шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад ва вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳо мебошад. Дар солҳои вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд, ки ин нишондиҳанда дар бист соли охир 138 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обиро дар бар мегирад, ки ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.
Инчунин дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.
Муовини раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода иброз намуд, ки яке аз масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад ва имрӯз 49,3 фоизи аҳолии кишварро маҳз занон ташкил медиҳанд. Таъкид гардид, ки дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шуда, онро сарбаландона хатм намудаанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам овардааст.
Дар ҷамъомад меҳмонон доир ба нуктаҳои дигари Паём маърӯза намуда, изҳор доштанд, ки татбиқи нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва сатҳи некӯаҳволии мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён изҳор дошт, ки “дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла пешниҳоди онҳо ба зинаи роҳбарикунанда аз моҳи январи соли 2022 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори идоравии факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ тағйиру иловаҳо ворид намуд. 47 нафар аз ҳисоби занону бонувони муваффақ ва лаёқатманду донандагони забони хориҷии донишгоҳ ба вазифаҳои ҷонишини декан оид ба рушди неруи инсонӣ ва ташкили бозиҳои расмӣ-касбӣ ва ба ҳайси муовини мудири кафедра оид ба рушди неруи инсонӣ ва баҳогузории рейтингӣ таъйин шуданд”.
АКСҲО аз Донишгоҳи давлатии Данғара








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






