Дар Маркази миллии қонунгузорӣ оид ба мубориза бо коррупсия ҳамоиш доир шуд

Январь 31, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия мулоқот доир шуда, дар он роҳбарият, кормандони марказ ва  намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттиооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Чумхурии Точикистон.

Зимни мулоқот Директори Марказ Изатулло Саидзода иброз дошт, ки вохӯрӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) амалӣ мегардад.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ изҳор намуд, ки «коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад».

Зимни вохӯрӣ инчунин оид ба асосҳои ҳуқуқиву ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози ақида карда шуд. 

                                                                           АКС: ММҚ

Январь 31, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид