Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ғолибони бахшҳои озмун бо Диплому мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми аз 1 000 то 6 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар маросими қадршиносии ғолибони озмун муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Тибқи баҳогузории ҳакамон, дар бахши «Оилаи беҳтарин» оилаи Абдуҳафиз Ҷабборов, сокини деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 1, вимпел ва мукофот ба маблағи 3 000 сомонӣ, оилаи Муҳтарам Алимова, сокини маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо Дипломи дараҷаи 2 ва мукофот ба маблағи 2 000 сомонӣ ва оилаи Ғобилҷон Бобоев — сокини маҳаллаи Сои Зебони шаҳри Панҷакент бо Дипломи дараҷаи 3 ва маблағи 1 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар бахши «Кӯчаи беҳтарин» кӯчаи «Ҷавонӣ»-и маҳаллаи 3-юми шаҳри Гулистон, кӯчаи ба номи Маҳмуд Мирбобоеви маҳаллаи Масҷиди Саври шаҳри Хуҷанд ва кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Мевағул»-и шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи «Чорум»-и шаҳри Гулистон ва маҳаллаи «Озодӣ»-и шаҳри Бӯстон, дар бахши «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ, деҳаи Навбаҳори деҳоти ба номи Абдураҳмон Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва деҳаи Нови деҳоти ба номи Турсун Ўлҷабоеви ноҳияи Спитамен, дар бахши «Деҳоти беҳтарин» Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар бахши «Шаҳраки беҳтарин» шаҳраки Истаравшани шаҳри Истаравшан, шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ғолиб дониста шуданд.
Ҳамчунин ноҳияи Ашт барои нишондиҳандаҳои назаррас «Беҳтарин ноҳияи кишоварзӣ»-и вилояти Суғд дар соли 2021 дониста шуд.
АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






