ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ашт 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд

Январь 27, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Хуҷанд — Ашт  бо ибтикори кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин тадбир бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист   дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳал ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳияи мазкур аҳолӣ фаъолона иштирок намуданд.

 АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ   

Январь 27, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд