Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои ИДМ бо Сергей Лавров иштирок кард

Январь 20, 2022 16:34

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои  ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей  Лавров иштирок кард.

«Зимни  мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2021 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт»,- иттилоъ доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварии ин дидор буданд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат варзид.

АКС: ВКХ ФР

Январь 20, 2022 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид