Хушбахт Азизбеков ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.202. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ Хушбахт Азизбеков ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маросими ҷамъбаст ва туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини Вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кумитаи тадорукоти озмун, аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун ширкат варзиданд.
Муовини Вазири маориф ва илм Муҳаммадовуд Саломиён иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омода аст, ки омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намоянд ва дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.
Гулчеҳра Ғанизода изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома, ҳакамон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар довталабро таҳлил намуда, баҳо гузоштанд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар як шарт миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд. Давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.
Инчунин ба иштирокчиёни дигари озмун, аз ҷумла, омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Моҳира Мусоева, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова, омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров Наима Зоидова ва омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоюли техникии ба номи «Афлотун» дар ноҳияи Данғара Шавкат Тағоев туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун супорида шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун «Сипоснома» ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуданд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ









Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






