Кумитаи рушди сайёҳӣ масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи меҳмондориро баррасӣ намуд

Январь 21, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» доир шуд, мулоқоти  муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муассис ва раиси Abraham Business Circle (Шурои сармоягузорони Абраҳам) доктор Рафаэл Нагел баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни  ин вохӯрӣ тақвияти ҳамкорӣ бо Шӯрои  Abraham Business Circle дар ҷалби сармоя дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисон дар соҳаи меҳмондорӣ ва сайёҳӣ дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies, ки бо донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Аврупо пайваст аст, муҳокима гардид.

Рафаэл Нагел таъкид намуд, ки дар асоси лоиҳаи озмоишӣ ва мувофиқаи дуҷониба омодааст дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies ҷиҳати омода намудани мутахассисони бакалавр ва ё магистри соҳаи меҳмондорӣ ва идоракунии сайёҳӣ мусоидат намояд.

Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ин самт ҳамкориро ҷоннок намуда, дар кутоҳтарин муҳлат лоиҳаи озмоиширо ҷиҳати омода намудани мутахаасисони соҳаи сайёҳӣ оғоз менамоянд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Январь 21, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад