МАҶАЛЛАИ «МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН» 30-СОЛА ШУД. Бахшида ба ин дар Душанбе ҷамъомад баргузор гардид

Январь 11, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии таъсисёбии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ҷамъомад баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба корманди  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Зайнаб Ҳусейнова.

Дар он муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муҳаммаддовуд Саломиён зимни сухани ифтитоҳи тазаккур дод, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” падида ва ҳамсоли Истиқлоли кишвар буда, аз лиҳози шаклу мазмун сол то сол дар ҳоли рушд қарор дорад.

“Шумораи нахустини он бо номи “Адаб” моҳи июли соли 1991, ду моҳ пештар аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид. Маҷалла дар натиҷаи талоши рӯшанфикрони тоҷики солҳои 80-90 уми қарни 20 дар шароити соҳибистиқлолии комили давлати Тоҷикистон бо мақсади рушди илму маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ арзи ҳастӣ кард”, — ёдовар шуд ӯ.

Ба таъкиди номбурда, аввалин сардабири он номзади илмҳои педагогӣ, донишманди шинохта, маорифпарвар ва мактабшиноси маъруф Шамсуллоҳ Исломов буда, дар таъсис додани маҷалла ва ба фаъолият пардохтани он саҳми бузург дорад. Маҷалла аз ибтидо бо теъдоди 3500 нусха дархӯри завқи алоқамандон гашта, соли 1992 чопи он ба 6000 адад расид.

Зинатулло Исмоилзода  вобаста ба низоми рушди маориф ва матбуоти соҳавӣ сухан ронда, зикр намуд, ки маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” имрӯзҳо дар баробари чоп бо истифода аз имконоти технологияҳои муосир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақоми хос пайдо кардааст. Расидагӣ кардан ба дархосту муроҷиатҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути саҳифаи Фейсбукии “Маорифи Тоҷикистон” гувоҳ аз он аст, ки кормандони маҷалла баробари замон қадам мениҳанд ва бо истифода аз технологияҳои муосир барои боз ҳам ба мардум наздиктар кардани маҷалла талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд.

Дар идома, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон Бахтиёр Қутбиддинов дар мавзуи “Нақши маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар бедорӣ ва худшиносии миллӣ” маърӯза карда, аз ҷумла, иброз дошт, ки матбуоти соҳавӣ, хусусан нашрияҳои Вазорати маориф ва илм ба рушду инкишофи кишвар ва ташаккули маърифати мардум аз ибтидо таъсири махсус расонида, имрӯз серхонандатарин нашрияҳои соҳавии ҷумҳурӣ  ба ҳисоб мераванд.

Иштирокчиёни дигари ҷамъомад низ хотироту андешаҳои худро иброз дошта, аҳли эҷоди маҷалларо ба ифтихори 30-юмин солгарди он таҳният гуфтанд.

Дар доираи таҷлили 30-солагии маҷалла ба як қатор кормандон ва муаллифони фаъоли он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” тақдим карда шуд.

Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни мақолаҳои беҳтаринро миёни хонандагону алоқамандони соҳа зери унвони “Маориф ва истиқлол” баргузор намуд, ки он аз чор бахш – “Сиёсат, маориф, илм”, “Таҳсилот ва замон”, “Мулоҳиза ва пешниҳод” ва “Таҷриба ва эҷод” иборат буд. Барои иштирок дар озмун аз ҷониби муаллифон беш аз 200 мақола пешниҳод гардид, ки беҳтарини онҳо дар шумораҳои маҷалла ва ду ҷилд китоб нашр гардид.

Дар бахши “Сиёсат, маориф, илм” Абдураҳмон Қурбонов соҳиби ҷойи якум, Дилбар Салимова ва Ҷалолиддин Амиров соҳиби ҷойи дуюм, Назар Салимов ва Акбарбек Абдусамадов соҳиби ҷойи сеюм, дар бахши “Таҳсилот ва замон” Саидамир Аминов соҳиби ҷойи якум, Бобохон Қаюмов ва Раҳматшо Раҳматзода соҳиби ҷойи дуюм, Моҳинав Сафарова ва Азимхон Малахов соҳиби ҷойи сеюм, дар бахши “Мулоҳиза ва пешниҳод” Маҳмадбек Заробеков соҳиби ҷойи якум, Шодӣ Раҷабзод ва Маҳмадсалим Қурбонов соҳиби ҷойи дуюм, Беҳрӯ Насурова соҳиби ҷойи сеюм ва дар бахши “Таҷриба ва эҷод” Бимайрам Самадова соҳиби ҷойи якум, Тӯтихон Девоншоева ва Давлат Шерализода соҳиби ҷойи дуюм, Ҳусния Кӯчарзода ва Бибиҳафиза Маҷидова соҳиби ҷойи сеюм гардиданд, ки дар доираи чорабинии мазкур ба ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот тақдим гардид. Инчунин, ғолибони озмуни акси тарғиботии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 

АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Январь 11, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти илму маориф тақвият меёбад
Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аҳли илму маориф ботантана ҷашн гирифтанд
Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
«НАВРӮЗ — МУЖДАИ БАҲОРУ САРСАБЗИИ ТАБИАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд
НАВРӮЗ-ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАРҒИБГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мулоқот доир шуд
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Геология дар макон ва замон» доир шуд
Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзро бо барномаи рангину намоиши анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд