Маҳмадтоир Зокирзода ба сокинони водии Рашт нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ дод
САНГВОР, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар ноҳияи Сангвор мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор.
Дар ҷамъомад Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон иброз дошт, ки «Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ перомуни файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Дар ин давра мо мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққӣ бунёд намудем».
Ҳамчунин Пешвои миллат дар Паёми навбати нақши бонувону занонро дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург арзёбӣ намуда, хотирнишон сохтанд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳатто дар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар софдилонаву содиқона ва мардонавор хизмат кардани занону бонувони матиниродаи тоҷикро махсус зикр намуданд.
Маҳмадтоир Зокирзода дар ин ҷамъомад оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 сухан гуфт.
Мавсуф ҳамзамон ба саволҳои сершумори иштирокчиёни вохӯрӣ посух дод.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода зимни сафари корӣ ба водии Рашт дар ноҳияҳои Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Рашт бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуда, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тафсир намуд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор










ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд






