Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Январь 27, 2022 22:31

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 январи соли 2022, тахминан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ, як гурӯҳ шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон бо теъдоди панҷоҳ нафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, мошини  тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон- аз маҳаллаи Хоҷаи Аъло то маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Исфара ҳаракат мекард, маҷбуран боздоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд.

Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомад. Ба ҷои ин тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз қад-қади пули дар боло зикршуда (275 метр) мавқеи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Ҳоло шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад.

Ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад.

Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд.

Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ дар ВАО ва манбаъҳои гуногуни интернетӣ фаъолона ба мардум  иттилои бардурӯғ ва фейкҳо паҳн карда истодаанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2022 22:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид