Маркази таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Панҷакент Шоҳҷоизаи озмуни вилоятии ин соҳаро дар соли 2021 сазовор гашт
ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 озмуни «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021» ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа бо ба даст овардани 95 хол дар байни 27 муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии №1-и шаҳри Панҷакент ғолиби мутлақ ва соҳиби Шоҳҷоизаи озмун шуд, хабар дод корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».
Муассисаи давлатии Маркази тахсилоти иловагии ноҳияи Ашт бо ба даст овардани 93 хол мақоми аввал, марказҳои мазкури ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен бо ба даст овардани 90 хол мақоми дуюм, Муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Деваштич бо ба даст овардани 88 хол мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Исфара ба даҳгонаи бехтарин муассисаҳои тахсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шомил гардида, бо Сипосномаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо Ҷом, лентаи рамзӣ, Парчами рамзӣ, Диплом ва туҳфаи хотиравӣ, ғолибони ҷойҳои 1,2,3 бо Диплом, лентаи рамзӣ ва туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Озмуни «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд» таи ду сол аст, ки бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд байни 27 муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи асоси озмун ин беҳбудбахшии фаъолият, қадршиносии роҳбарони фаъол, паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ буда, дар раванди ҷамъбасти озмун ба дурустии ҳуҷҷатгузориҳои муассисаҳо, иҷроиши саҳеҳи барномаҳои давлатӣ, фаъолияти хуби корӣ, қобилияти навоварӣ, таҳияи дастурҳои методӣ, корҳои ободониву созандагӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ эътибор дода шуда, дар асоси он баҳогузорӣ карда мешавад.
Ҳангоми ҷамъбасти озмун фаъолияти кории ҳар муассиса дар давоми сол ба инобат гирифта мешавад. Озмуни имсола, ки ба ҷашни бузурги миллиаамон 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид. Инчунин дар поёни ҷаласа ба собиқадори соҳа, собиқ директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Муҳиддинхон Қосимов унвони «Устоди фахрӣ» ва Ифтихорномаи Маркази ҷумҳуриявии муасисаҳои таҳсилоти иловагӣ супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд






