Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии афғон бо собиқ президенти Фаронса мулоқот карданд

Январь 18, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ (ҶММ)- мухолифони ҳаракати радикалии  «Толибон», ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, бо собиқ президенти Фаронса Франсуа Олланд мулоқот карданд.  Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 14 январ дар саҳифаи худ дар Twitter сардори шуъбаи равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсам Назарӣ хабар додааст.

«Барои ман мояи ифтихор буд, ки бори дигар бо ҷаноби олӣ, собиқ президенти [Фаронса] Франсуа Олланд мулоқот намоям. Мо рӯйдодҳои кунунии Афғонистон ва таҳдиди афзояндаи терроризмро баррасӣ кардем. Вай моро бовар кунонид, ки мардуми Фаронса ҳамеша орзуҳои демократии шаҳрвандони Афғонистонро пуштибонӣ менамоянд»,- гуфт намояндаи ҶММ.

Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, роҳбари ҷабҳа Аҳмад Масъуд «бо Олланд тамоси телефонӣ гирифт ва дар бораи он ки дурнамои ояндаи Афғонистонро чӣ гуна мебинад, чӣ гуна дар он бояд демократия барқарор кард ва чӣ тавр бо таҳдиди афзояндаи терроризм бояд мубориза бурд, суҳбат намуд».

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати “Толибон”* амалиёти густурда барои таъсиси назорат бар Афғонистонро пас аз эълони Амрико дар баҳори соли 2021 дар бораи хуруҷи неруҳои мусаллаҳи худ аз ин кишвар оғоз кард. 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Неруҳое, ки бо қудрати ифротгароён мухолиф буданд, дар шимоли вилояти Панҷшер муқовимат ташкил карданд, ки онро Аҳмад Масъуд роҳбарӣ мекунад.

6 сентябр сухангӯи толибон Забеҳулло Муҷоҳид хабар дод, ки Панҷшер комилан таҳти тасарруфи “Толибон”* аст  ва аз ин рӯ ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст. Дар навбати худ Масъуд эълон кард, ки муқовимат бо толибон идома дорад ва тамоми сокинони кишварро ба шӯриши умумимиллӣ даъват намуд. Баъдан сардори шуъбаи равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсам Назарӣ аниқ кард, ки ҷабҳа ба усули ҷанги партизанӣ мегузарад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҳукумати аз ҷониби толибон ташкилшуда то ҳол аз тарафи ягон кишвари ҷаҳон расман эътироф нашудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон ва ҳамчунин абарқудратҳои бузурги ҷаҳон – Русия, ИМА, Туркия, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ аз толибон талаб мекунанд, ки ҳукумати фарогире таъсис диҳанд, ки қонуни байналмилалии башардӯстонаро эҳтиром ва ҳуқуқҳои инсон ва таъмини асосии озодиҳоро риоя намояд.

Қаблан профессори Мактаби олии иқтисодии Русия (ВШЭ) ва сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГИМО Андрей Казантсев дар суҳбат бо «Лента.ру» ҳушдор дода буд, ки “толибон наметавонанд бинобар сабабе, ки аз нав ба сари ҳокимият омадаанд, ба таври бунёдӣ тағйир кунанд». Вай гуфт, ки амалкарди толибон шояд тактикӣ бошад: онҳо бояд дастовардҳои худро муттаҳид созанд ва ба бозигарони байналмилалӣ нишон диҳанд, ки бо “одамони шоиста» сарукор доранд. Аммо дар ин роҳ, вақте ки мавқеъҳояшон муттаҳид мешавад, толибон ба тоб додани мехҳо шурӯъ мекунанд ва симои аслии худро нишон медиҳанд. Ва онҳо боз ғорат, куштор ва ҷорӣ кардани тартиботи радикалии худро идома медиҳанд.

_________________

* Ҳаракати радикалии мамнуъ дар Тоҷикистон ва якчанд  давлатҳои дигар

АКС: Twitter

Январь 18, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид