Нашриёти «Ирфон» таҳти унвони «Лолаҳои арғувонӣ» китоби нав ба нашр расонид

Январь 27, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Лолаҳои арғувонӣ»-таҳти чунин унвон нашриёти «Ирфон» китоби нависандаи ҷавону умедбахш Муҳаббати Юсуфро ба нашр расонид.

Китоби «Лолаҳои арғувонӣ» қиссаи таърихӣ буда, дар он таърихи воқеии  зиндагиномаи  як хонавода, ки се давраи таърихиро дар бар мегирад, хеле ҷолиб ба  риштаи наср кашида шудааст.

Дар сарсухани китоби «Лолаҳои арғувонӣ» узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Амир Сайиди Мункӣ  нигоштааст, ки китоби «Лолаҳои арғувонӣ»  ҳамчун қиссаи таърихӣ-бадеӣ ва воқеӣ аз ҳаёти  намояндагону  бозмондагони як авлоду се насли он, ки аз дудмони ёхсучиёни  Ховалинг камол ёфта, аср ба аср то ба  имрӯз расидаанд, дарак медиҳад. Аз зумраи чунин шахсиятҳои  таърихӣ қаҳрамони халқи тоҷик –Восеъ, Саидаҳмади Карими Шариф, Мулло Бурҳони Бисмил, Мавлоно Холмуҳаммади Хатлонӣ,  Саъдулло Рабиӣ ва чанде дигарон мебошанд.

Муаллифи қиссаи таърихии «Лолаҳои арғувонӣ» саъй намудааст, ки асари ҷолиб офарад. Аз ин рӯ ӯ солҳои зиёд  паҳлуҳои равшану норавшани  ҳаёти як авлоду се насли   онро ба таври амиқ омӯхтааст.

Асар ҷанбаи муҳими худшиносиву  худогоҳӣ дошта,  ифтихор аз Ватану миллатро дар бар мегирад, зеро муаллиф тавассути қаҳрамонҳои диловару ватандӯст ва бонангу номуси дар китоб тасвирнамудааш насли наврасу ҷавонро дар ҳамин рӯҳия тарбия менамояд.

Китоби «Лолаҳои арғувонӣ» бо забони фасеҳу равон  таълиф гардида, ба доираи васеи  хонандагон тавсия дода мешавад.

То алвақт қисаҳои дигари Муҳаббати Юсуф «Пайванди шикаста» ва «Зиндадаргӯр» ба шашр расидаанд.

    АКС аз АМИТ «Ховар»  

Январь 27, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид