Русия соли 2022 ваксинаи ягонаи зидди зуком ва коронавирусро муаррифӣ мекунад

Январь 5, 2022 12:11

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба гуфтаи сардори корпоратсияи «Ростех», ки дар таҳияи доруи универсалӣ барои пешгирии сироятҳои вирусӣ кор мекунад, аввалин натиҷаҳои таҳқиқоти ваксинаҳои зидди зуком ва коронавирус соли 2022 пешниҳод карда мешаванд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости хабар додааст.

Роҳбари корпоратсия Сергей Чемезов зикр кард: «Бояд тамоми озмоишҳоро гузаронид, то ин ки пеш аз ҳама, бехатар ва самарабахш бошанд». Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои пажӯҳишҳо хубанд, аммо ҳанӯз ҷузъиёте вуҷуд доранд, ки бояд коркард шаванд. Баҳори соли 2021 Сергей Чемезов эълон кард, ки ваксина аз як қисмат иборат хоҳад буд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Бразилия ҳолатҳои дар як вақт сироят ёфтан аз зуком ва коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Ваксинаи нави «Ростех» метавонад бо зарбаи дукаратаи вирусҳо мубориза барад.

                                                                                  АКС: «Известия»

Январь 5, 2022 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид