ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, чоршанбе, 5-умин рӯзи соли 2022 аст

Январь 5, 2022 08:00

5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони НБО «Роғун» ба мардум муроҷиат намуданд.

***

5 сол пеш, 5 январи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат карданд.

5 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 январи соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

99 сол пеш, 5 январи соли 1922 дар шаҳри Вашингтони ИМА оид ба манъи истифодаи киштии зериобӣ бар зидди киштиҳои тиҷоратӣ шартномаи байналмилалӣ баста шуд.  

 ***

5 январи соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои осиёимиёнагии узви ИДМ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Ҷумҳурии Қазоқистон додани шиносномаи биометрӣ оғоз гардид.

***

5 январи соли 2010 ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири собиқи мамлакат Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки  2 январи соли 2010  бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

5 январи соли 2016 ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.

***

Соли 1796 муҳандиси англис Ҷемс Уатт барои ихтирои мошини буғӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.

Январь 5, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст