Талоши табибон дар мубориза бо бемории COVID-19. Мавзӯъро барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» шарҳ медиҳад

Январь 27, 2022 09:12

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи COVID-19 дар марҳилаи хатарнок қарор дорад, аммо ҷаҳон барои ба анҷом расонидани ин марҳилаи шадид воситаҳои муайянро соҳиб аст, гуфт директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус зимни брифинге, ки фарогири бемории COVID-19 буд.

Ба зикри мавсуф, дар доираи барномаи таъминоти одилонаи ваксинаи COVAX аллакай  1 млрд вояи ваксина дастрас шудааст, аммо марҳилаи эмгузаронӣ дар ҳамаи кишварҳо на он қадар хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, 34 кишвар ҳанӯз натавонистаанд ба 10 фоизи аҳолии худ ваксина гузаронанд, миёни 86 кишвари дигар на кам аз 40 фисади аҳолӣ эм карда шудаанд.

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сироятии коронавирус гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тайи чанд шабонарӯзи охир ҳолатҳои нави сироятёбии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта мешаванд.

Дар марҳилаи навбатӣ табибони тоҷик бо таҷрибаи андӯхтаи хеш дар мубориза бо ин бемории ҳамагир то чӣ андоза муваффақ хоҳанд гардид ва раванди ваксинагузаронии шаҳрвандон аз ин беморӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Дар барномаи навбатии «Дармон» ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории COVID-19 номзади илмҳои тиб, дотсенти ДМТ Маърифат Абдуллоева посух мегӯяд.

Шумо метавонед ин барномаро имрӯз, соати 09:30 (асл),  инчунин  такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз Радиои «Ховар» дар  мавҷи 101,5  FM бишнавед.

Январь 27, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад