ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон ҷараён доранд

Январь 6, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вохӯриҳо бо интихобкунандагон аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муқим Муродзода бо интихобкунандагони Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуда, ба ҳозирин муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳнамоии Пешвои миллат баҳри рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд ва ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Инчунин дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда  ба истифода дода шуд.

Гуфта шуд, ки  ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.  Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба истифода дода шуданд.

Дар интиҳо интихобкунандагон ба аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир ба Паём ва масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Инчунин вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Рарзи ин ноҳия вохӯрӣ доир намуд. Зимни мулоқот бо интихобкунандагон муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”ироа гардид, муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Иброз гардид, ки таҷрибаҳо ва назарияҳои гуногуни илмӣ собит кардаанд, ки кишварҳои гирифтори буҳронҳои иҷтимоиву сиёсӣ даҳсолаҳо дар асорати буҳрони иқтисодӣ мемонанд. Давлатҳое низ ҳастанд, ки аз оташи ҷангу нифоқу буҳронҳо берун омада, ғайричашмдошт ба пешрафти бузург ноил гардидаанд ва Тоҷикистонро метавон ба ин гурӯҳ дохил намуд.

Мавсуф афзуд, ки як даҳсолаи истиқлолияти мо бо барқарорсозии сулҳу рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ гузашт. Танҳо нангу номус ва муттаҳидии халқи тоҷик боис гардид, ки таҳаввули иқтисодӣ ба вуҷуд ояд ва шароити зиндагии ҳамватанон сол ба сол беҳтар гардад.

Дар Паём бо қиёс нишон додани дастовардҳои иқтисодӣ ҳар яки моро водор менамояд, ки ба гузаштаи начандон дури кишвар бо дидаи таҳқиқ нигарем. Масалан, агар соли 2000 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 миллиард сомониро ташкил диҳад, пас соли 2021 ин нишондиҳанда ба 28 миллиард сомонӣ расид. 53 баробар зиёд гардидани ММД ва 111 баробар зиёд гардидани Буҷети давлатӣ барои кишвари ҷангдидаи мо дастоварди бесобиқа аст. Дар ин давра бунёди зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатиро чор маротиба афзоиш дод. Маҳз дар ин замина ҳадафи чоруми старатегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ба миён омад.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо дигар интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Айнӣ идома дорад.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ноҳияи Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одиназода бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳия баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода, муовинони раис, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолону сокинони ҷамоат иштирок намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон моҳияту муҳтавои самтҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дод.

Ҳамчунин бо мақсади ба мардум фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Неъматулло Холбойзода ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31 Зафар Хайруллозода 4-5 январ бо интихобкунандагони худ дар ноҳияи Носири Хусрав суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, мазмуну мундариҷаи Паёми навбатии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум фаҳмониданд.

Зимнан таъкид карда шуд, ки ҳамаи моро зарур аст барои пешгирии саломатии худ ва пайвандонамон ба қоидаҳои асосии беҳдошт риоя намоем, зеро аз маълумоти омори ҷаҳонӣ дида истодаем, ки шаклҳои нави бемории сироятии коронавирус дар мамолики дунё аз нав хуруҷ намуда истодааст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват карда шуд, ки пеш аз ҳама, корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру тармими маҳалли зист ва роҳу кӯчаҳо, муассисаҳои таълимию нуқтаҳои тиббӣ, тозаву озода намудани атрофи манзилҳои зисташонро ба роҳ монанд.

Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриҳо мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо аҳли фарҳанги шаҳри Ҳисор доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод ва муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода иштирок намуданд.

Сурайё Дӯстмуродзода атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-солагии соҳибистиқлолӣ ироа гардида, фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд.

Сарвари давлат се самти муҳим – сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии кишварамонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо ифтихору қаноатмандӣ аз заҳмату талошҳои содиқонаву ватандӯстонаи мардум ҷиҳати нигоҳдории истиқлолу озодии Тоҷикистон ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ заҳмату ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷикро, хусусан, он нафаронеро, ки дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ саҳми бузург доранд, фаромӯш намесозанд ва пайваста ёдовар мешаванд.

Раиси КИ  ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод гуфт, ки Пешвои миллат бо мақсади шинохтану эътироф намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аз ҷониби аҳли башар зимни ироаи Паём ёдрас шуданд, ки “… ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгириву пуштибонии мардуми шарафманди Тоҷикистон тавонистанд беш аз як миллион нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардонанд ва дар марҳилаҳои муайян муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Парчамӣ миллӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллиро қабул намоянд.

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба гузаронидани вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон 5 январ дар толори Маркази ҷавонони ноҳия бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ №28 Гулбаҳор Ашурзода, муовини раиси ноҳияи Хуросон Идигул Шарифзода мулоқот  баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ №28 доир ба мушкилиҳои мавҷудаи рӯз, аз ҷмула истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи босамар ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва муқовимат нишон додан бар зидди амалишавии маромҳои нопоки душманони давлату миллат изҳори назар намуд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидасрор Ғуломон доир ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, хусусан заминҳои Президентӣ ва ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии фаъолон бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Равшан Раҷабзода, вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Усмонов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода баргузор шуд.

Зимни мулокот вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи худ ҳисобот дода, доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи босамар ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва муқовимат нишон додан бар зидди амалишавии маромҳои нопоки душманони давлату миллат ибрози афкор намуд. Баъдан, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Усмонов доир ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, хусусан заминҳои Президентӣ ва ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 10 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагонашон дар вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин