Тоҷикистон ва Эрон баргузории чорабиниҳои муштаракро бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Теҳрон 2 январ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт»,- гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шуданд.
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамкории фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегирад. Тоҷикистон ва Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






