Толибон* профессори қаблан боздоштшудаи Донишгоҳи Кобулро озод намуданд

Январь 12, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Профессори Донишгоҳи Кобул ва коршиноси сиёсӣ Файзулло Ҷалол, ки қаблан аз сӯи намояндагони ҷунбиши «Толибон»* (ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) боздошт шуда буд, пас аз чаҳор рӯзи боздошт  11 январ раҳо шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин бора шоми дирӯз рӯзномаи «8 Субҳ» хабар дод.

Гуфта мешавад, ки иттилоъ дар бораи раҳоии профессорро аъзои хонаводаи ӯ ва ҳамчунин манобеи худи нашрия таъйид кардаанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Файзулло Ҷалол рӯзи шанбеи 8 январ боздошт шуд. Сабаби боздошт метавонад суханронии профессор дар шабакаи телевизионии Tolo News аз 20 ноябри соли 2021 бошад. Он вақт вай толибонро айбдор намуда, гуфт, ки онҳо қудратро монополия карда, озодии баёнро пахш мекунанд.

Дар ҷараёни пахши телевизионӣ профессори илмҳои ҳуқуқ ва сиёсат толибонро интиқод карда, бо яке аз меҳмонони ин барнома- сухангӯи “Толибон” Муҳаммад Наим ба баҳси тунд пардохт.

«Ман аз вазъи кунунии Кобул эҳсоси дард мекунам», гуфт Ҷалол. — Мардум чизе барои хӯрдан надоранд. Ин чӣ гуна амният аст? Ҳеҷ кас чизе гуфта наметавонад».

Олим ҳамчунин Наимро «гӯсола» номид, ки ин  дар Афғонистон таҳқир ҳисобида шуда, маънояш «аҳмақ» аст. Ин баъди он ба амал омад, ки Наим саломатии рӯҳии Ҷалолро зери шубҳа гузошт ва тасдиқ кард, ки коммунист аст.

Клипҳои тафсирии Ҷалол дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд ва бисёре аз афғонҳо аз шуҷоати ӯ ситоиш карданд. Бархе аз афғонҳо ба нишони ҳамраъйӣ акси ӯро дар профилҳои худ гузоштаанд.

Дар вокуниш ба ғазаб аз боздошти Ҷалол, сухангӯи толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар Твиттер навишт, ки профессор барои изҳороти беасос ва таҳрики мардум алайҳи “Толибон”* боздошт шудааст.

Муҷоҳид инчунин скриншотҳоро аз саҳифаи тасдиқнашудаи Твиттер, ки ба гуфтаи ӯ, ба Ҷалол тааллуқ дорад, мубодила кард. Дар саҳифа иттиҳомоти ҷиддӣ алайҳи “Толибон”* мавҷуданд.

Аммо Ҳасина Ҷалол ин саҳифаро, ки толибон ба падараш нисбат дода буданд, қалбакӣ номид. Баъдтар онро соҳиби он ё шабакаҳои иҷтимоӣ нест карданд.

Бисёре аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар боздошти профессорро кӯшиши толибон барои маҳдуд кардани озодии баён арзёбӣ карда, озодии ӯро талаб кардаанд. Занони афғон дар Кобул боз эътироз карданд. Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Афви Байналмилалӣ (Amnesty International)  ва Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) низ аз боздошти Ҷалол изҳори нигаронӣ кардаанд. «Бо вуҷуди он ки хонаводаи Файзулло Ҷалол тасдиқ кардаанд, ки саҳифаи Твиттере, ки ба номи ӯ сохта шудааст, қалбакӣ аст, ӯ дар ҳабс боқӣ мемонад. Толибон бояд ӯро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунанд», гуфт Самира Ҳамидӣ, фаъоли афғон ва фаъоли Афви Байналмилалӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ба The Guardian.

___________________

* Толибон – созмоне, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мамнӯъ аст

                                                                                    АКС аз бойгонӣ

 

Январь 12, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми XIII байналмилалии ҳуқуқии Петербург иштирок намуд
Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ баргузор мегардад
Ҷавонони Тоҷикистон — неруи бузург ва иқтидори беназир. Ба Рӯзи ҷавонон бахшида мешавад
Форуми ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд
НАМУНАИ ИБРАТ. 40 сокини ноҳияи Данғара маблағи ҳаҷро дар корҳои ободонӣ сарф намуданд
Дар Эрон дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муаррифӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Вақти беҳтарин барои истеъмоли харбуза байни ду таом аст
Падару модарон уҳдадоранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро намоянд
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»
Дар мавзуи мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид
Гурӯҳи кории Хадамоти иҷро бо фаъолият ва шароити кории иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Суғд шинос гардид