ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мастчоҳ ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуда, ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар ноҳия оғоз бахшиданд. Боғи «Тоҷикистон» 8 гектар масоҳат дошта, соли 2020 пас аз навсозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо иштироки раиси вилоят, роҳбари ноҳия ва кормандони ташкилоту идораҳо дар ду мавзеи ноҳия- Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон» ва қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуданд.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон» 2000 адад гул, 520 адад дарахтони ороишӣ, 50 адад дарахтони мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамзамон дорои фаввораҳо ва суҳбаткадаҳо мебошад. Бо ташкили ҳашари ниҳолшинонӣ шумораи дарахтони ороишии боғ боз ҳам афзуд.
Дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ниҳолҳои мевадиҳандаи чормағз шинонида шуданд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати тақвияти корҳои сабзазоркуниву хуррамгардонӣ ва ободонию созандагӣ супоришҳо дода, зикр кард, ки мавзеъҳои истироҳатӣ ва маконҳои ҷамъиятии ноҳия бояд ҳамеша сабзу хуррам ва тозаву озода бошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






