«Ҳуҷҷати барномавӣ ва ормонҳои миллӣ»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 14, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбияи насли наврас, намуди нави коронавируси COVID-19 ва роҳҳои пешгирӣ, мубориза бо он дар ҷумҳурӣ ва вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд.

Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи  №11 (24 370), чоршанбе, аз 12 январи соли равон назари чанд нафар масъулони сохторҳои давлатиро доир ба Паёми навбатии Пешвои миллат  таҳти унвонҳои «Рушди фарҳанг аз мавзӯъҳои меҳварии Паём», «Сафи фаъолзанон дар хизмати давлатӣ зиёд мешавад», «Паём. Арҷгузорӣ ба китоб марҳилаи тоза касб мекунад», «Паём моро ба фатҳи уфуқҳои нав раҳнамун месозад», «Рушди сайёҳӣ аз мавзӯъҳои меҳварии Паём», «Ҳуҷҷати барномавӣ ва ормонҳои миллӣ» ва «Таҳаввулоти тозаи зиндагӣ» ба нашр расонидааст.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода чунин изҳори назар намудааст: «Дар Паём ҳамчунин эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таъриху фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон омили бисёр муҳим дониста шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илмдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем».

Дар ин шумораи нашрия таҳти унвони «Толиб Бобоев: Ҳаҷви мо кӯчагӣ шудааст», «Масъулият. Дар тарбияи фарзандон фориғбол набошем!», «Рӯзгоре барои ибрат»  ва дар рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хабару гузоришҳои ҷолиб ба нашр расидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе, 11 январ №9 (4429) оид ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбатҳои телефонӣ, вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон маводи муфассал  ба нашр расонидааст.

Ҳамзамон хонандагони нашрия метавонанд аз ин шумора таҳти унвони «Дорусозӣ ва назорати он мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат аст» матлаби муфассалеро доир ба фаъолият, муваффақият ва нақшаҳои минбаъдаи Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт ва мутолиа намоянд.

Дар ҳамин шумора ҳамчунин   матолиби фарҳангиву иқтисодӣ ва таҳлилӣ, ба монанди «Дар хусуси вазъияти Бадахшон», «Сулҳу оромӣ калиди музаффариятҳост», «Осорхонаву хона-музейҳо бояд ҳифз шаванд», «Барои гузаронидани Кинофестивали байналмилалӣ ҳамаҷониба омода бояд шуд» ва дигар мавод ба нашр расидаанд.

 «Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 3 (20336), 12 январи соли равон дар саҳифаи аввал доир ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суҳбатҳои телефонӣ  мавод мунташир кардааст.

Ҳамзамон «Народная газета»  хабару мавод доир ба вазъи имрӯзаи Қазоқистон, инчунин маводи таҳлилӣ таҳти унвони «Попытка переворота в Казахстане и ее последствия для стран региона», «Доверительные отношения между Казахстаном и Таджикистаном крепнут», «Как поднять иммунитет, не болеть и не заразить окружающих», «Языковая политика Таджикистана в период Государственной независимости» ва дигар матолибро ба нашр расонидааст.

«Минбари  халқ» — нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 2 (1348), чоршанбе, 12 январи соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин доир ба иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбатҳои телефонии Сарвари давлатро бо сарони дигар кишварҳо ба нашр расонидааст.

Ҳамзамон дар ин шумора мақолаҳо таҳти унвони «Паём-роҳнамо», «Инъикоси сиёсати хориҷии кишвар», «Фардо дер мешавад!», «Қазоқистон. Гардиши рӯйдодҳо», «Сада» чӣ маъно дорад?», «Ҳалқаҳои як занҷир», «Тоқаев тазоҳуроти Қазоқистонро сиёсӣ хонд» ва дигар хабару мавод пешкаши  хонандагони рӯзнома гардидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид
Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Пагоҳ дар Душанбе намоиши сенздаҳуми байналмилалӣ оғоз мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд