Вазири корҳои хориҷии Чин ба пешгирии ҷанг дар Осиёи Марказӣ даъват намуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфт, ки Чин ва Русия ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти СММ набояд иҷоза диҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бесарусомонӣ ва ҷанг гирифтор шаванд. Суханони ӯро имрӯз, 11 январ, сомонаи ВКХ Чин иқтибос овардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Чин ва Русия ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва ҳамсояҳои дӯсти кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд нагузоранд, ки Осиёи Марказӣ ба бесарусомонӣ ва ҷанг гирифтор шавад», — таъкид кард Ван И.
Ӯ илова намуд, ки «Москва ва Пекин бояд ба амиқтар кардани ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ, муқовимат ба мудохилаи неруҳои беруна ба корҳои дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома диҳанд».
Илова бар ин, Ван И даъват кард, ки пеши роҳи «инқилобҳои ранга» ва «се неруи бадӣ» (терроризм, экстремизм, сепаратизм, — тавзеҳи АМИТ «Ховар») гирифта шавад, то боиси «бесарусомонӣ» нагарданд.
Ӯ тазаккур дод, ки Москва ва Пекинро низ мебояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо пандемия ва рушди иқтисодашон кумак намоянд ва барои аз байн бурдани заминаҳои иҷтимоие, ки бесуботӣ ба вуҷуд меоранд, талош варзанд.
Ба ақидаи ӯ, Русия ва Чин бояд «таҳкими ҳамоҳангӣ ва ҳамёрии Созмони ҳамкории Шанхай ва СААД-ро барои вокуниши муштарак ба чолишҳои мухталифи амнияти минтақа дастгирӣ кунанд».
Суҳбати телефонии Сергей Лавров ва Ван И як рӯз пеш сурат гирифт. Тавре Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, вазирон вазъи Қазоқистонро баррасӣ намуда, нигаронии худро аз дахолати неруҳои беруна ба ҳаводиси ин ҷумҳурӣ иброз кардаанд.
АКС: anna-news.info








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






