Ҳамкории милитсия бо сокинони шаҳри Душанбе тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз шароити мусоиди фароҳамгашта ва иҷрои баланди уҳдадориҳои хизматӣ имкон дод, ки сол аз сол сатҳи содиршавии ҷинояту амалҳои нописанд дар ҷомеа коҳиш ёфта, милитсияи пойтахт бо амалигардонии тарзу усулҳои нави корбарӣ минбаъд низ пеши роҳи ҳама гуна ҷинояткориро гирифта тавонад. Чунин изҳори назар намуд сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни мулоқот бо фаъолону сокинон ва раисони маҳаллаҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Тавре дар Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардидаанд, чанд рӯз инҷониб силсиламулоқоту суҳбатҳои озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода бо фаъолону сокинон ва раисони маҳаллаҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодаанд.
Чунин мулоқот дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе Муҳаммад Абдухолиқзода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Илҳом Мусозода ва фаъолону сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Сардори мақомоти милитсияи пойтахт дар доираи Паёми раҳнамунсози Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани савияи ҳуқуқию зиракии сиёсӣ, эҳёи суннатҳои миллию арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ҳифзи марзу буми аҷдодӣ сухан гуфт.
Зикр шуд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан Қарори Раиси шаҳри Душанбе гурӯҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил шудаанд, ки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар институтҳои ҷамъиятӣ санҷишу амалиёти муштарак ва мулоқоту суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, маърифату одоби шаҳрдории сокинони пойтахтро баланд мебардоранд.
АКСҲО: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






