«АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Ашт маҳфили илмӣ – адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт таҳти унвони «Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ» маҳфили илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Дар маҳфили илмӣ – адабӣ намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Зафар Мамадҷонов, аъзои ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолон, собиқадорони хизмати давлатӣ, занони касбу кори гуногун, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва падару модарони аскарон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ – адабӣ иштирокдорон дар бобати садоқат ба Ватан, худшиносиву хештаншиносӣ маърӯза карда, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия шеърҳо дар васфи Ватан, сулҳ ва Пешвои миллат қироат карда шуданд.
Дар ин рӯз ҳамчунин раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода ба қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, бо афсарону сарбозон ва ҳайати шахсӣ мулоқоти судманд анҷом дода, бо шароити будубош ва хизматии афсарону сарбозон аз наздик шинос гардиданд.
Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ барои афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии мазкур дастурхони идона ороста шуд.
Инчунин аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои истироҳату фароғати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ тӯби футбол, шашка, туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои бадеӣ тақдим карда шуданд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






