«ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН!». Сарбозони ихтиёрӣ пас аз адои хизмати якмоҳаи ҳарбӣ савганд ёд намуданд

Февраль 1, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи марказҳои таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон ва «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд 450 нафар сарбозоне, ки тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда, баҳри садоқат ба халқу Ватан Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Маросими савгандёдкунии сарбозон дар майдони сафороии Маркази таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон таҳти  оҳанги суруди Тобиш Ҳилолӣ «Қасам ба номат, эй Ватан!» дар иҷрои  оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо  ворид намудану аз назди ҳайати шахсӣ гузаронидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода иброз дошт, тибқи қоидаҳои низомиён, баъди ворид намудани Парчами давлатӣ ба майдон командири вобастагардидаи сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ оид ба омодагии онҳо баҳри қабули Савганди ҳарбӣ гузориш дод. Ҳамзамон бо амри командир сарбозон тибқи тартиби муқарраргардида дар маркази майдони чорабинӣ саф ороста, ба ёд кардани Савганди ҳарбӣ шурӯъ намуданд.

Баъди дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 ин сарбозон аз шумори аввалинҳое мебошанд, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии ҳатмӣ Савганди ҳарбӣ ёд намуда, бо гирифтаи билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ хизматро ба анҷом расониданд.

Ҳамин гуна маросими савгандёдкунии сарбозони ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар Маркази таълимии «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд бо шукӯҳи хосса ва хотирмон сурат гирифт. Сарбозоне, ки хизматро адо намудаанд, аз ширкат дар  ҷамъомади 30-рӯзаи ҳарбӣ дар ҳарду маркази таълимӣ таассуроти хуб баён  намуданд.

Бо ҳамин тартиб, дар пойгоҳи Маркази таълимии «Фахробод»-и вилояти Хатлон 285 нафар ва дар Маркази таълимии «Чоруқдарон»-и вилояти Суғд 164 нафар сарбозон хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба анҷом расониданд.

Дар ҳарду маркази таълимӣ барои хизмати рӯзмарраи ҳайати шахсӣ, нигаҳдории онҳо ва ташкилу баргузор намудани дарсу машғулияти назариявию амалии саҳроӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барномаҳои таълимии сарбозон мутобиқ ба 30 рӯзи хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ  таҳия, тасдиқ ва амалан татбиқ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ- ин навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбист. Яъне, тибқи талаботи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки он 29 январи соли 2021 дар тарҳи нав қабул карда шуд, шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ ва бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 тасдиқ шудааст, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.

Зикр карда шуд, ки маблағ барои даъват дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар ҳаҷми 420 нишондиҳанда муқаррар карда шудааст. Соли 2022 ин нишондиҳанда ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар мебошад.

АКСҲО аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Февраль 1, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид