Бар асари фаромадани тарма дар Афғонистон қариб 20 нафар ҳалок шуданд

Февраль 8, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Афғонистон қариб 20 нафар бар асари фаромадани тарма зери он монда, ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 7 феврал хабаргузории «Бохтар«-и Афғонистон бо такя ба намояндагони мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.

Ҳодиса дар ноҳияи Дангами музофоти Қунар рух додааст. Дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки Қунар музофоти наздисарҳадии Афғонистон маҳсуб шуда, дар мавзеи кӯҳии душворгузару ноҳамвор ҷойгир аст. Қисмати асосии музофотро водиҳои дарёҳои Қунар ва Печдора (шохоби ғарбии дарёи Қунар) ташкил медиҳанд. Асадобод (маркази маъмурии музофоти Қунар) дар ҷои як шудани ин дарёҳо, 15 километр дуртар аз сарҳади Покистон воқеъ аст.

                                                             АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид