Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» роҳҳои мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбии иқлимро шарҳ медиҳад

Февраль 14, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар саросари ҷаҳон сармоягузории 1,8 триллион доллар барои низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, инфрасохтори ба иқлим тобовар, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, ҳифзи ҷангалзор ва идоракунии устувори об имкон медиҳад, ки ҳам аз ҷиҳати хароҷоти пешгиришуда ва ҳам манфиатҳои гуногуни иҷтимоӣ ва экологӣ 7,1 триллион доллар даромад ба даст оварда шавад. Ин дар ҳоле мебошад, ки тағйирёбии иқлим ҳамчун мушкилоти глобалӣ ҷомеаи ҷаҳонро бо пайомадҳои манфии худ нигарон карда, аҳли ҷомеаро барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати мутобиқшавӣ ба он водор сохтааст.

Таъсири тағйирёбии иқлим вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ метавонад гуногун бошад. Пайомадҳои он метавонанд дар шакли сӯхтор ё обхезӣ, хушксолӣ, рӯзҳои нисбатан гарм ва сард ва ё болоравии сатҳи баҳр зоҳир шаванд.

Вобаста ба пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим роҳҳои зиёди мутобиқшавӣ мавҷуданд. Масалан, барои салқин нигоҳ доштани хона шахс метавонад дар атрофи он дарахт шинонад. Тоза кардани майдони буттаҳо метавонад хатари сӯхторро кам кунад. Бо истифода аз навъҳои нави зироат, дастрасӣ ба системаҳои огоҳкунанда аз обу ҳаво ва андешидани дигар тадбирҳои мутобиқшавӣ аз системаҳои обёрии бо неруи офтобӣ истифодашавандаи бештари хоҷагиҳо то соли 2050 аз талафоти ҳосили ҷаҳонии зироат то 30% пешгирӣ карда мешавад. Коршиносони соҳа ташкили гармхонаҳо ва сардхонаҳоро низ барои пешгирии талафоти зироати кишоварзӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим воситаи манфиатбахш меноманд.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи роҳҳои мутобиқшавии олами растаниҳо ба тағйирёбии иқлим имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки устоди кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исломиддин Саидов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Февраль 14, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад