«ЧАРО МЕВАҲОИ ШУМО ИН ҚАДАР БОЛАЗЗАТАНД?» Ду ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Экспо 2020» дар Дубай пешсафанд

Февраль 19, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла хушкмеваҳои ширкати содироткунандаи «Зардолу ва Компания» ва маҳсулоти аз санг коркардшудаи ширкати «Асрори Санг» ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бора Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, Палатаи мазкур ҳамчун танзимгари миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар заминаи ин намоишгоҳ ду корхонаи болозикр имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти худро ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид созанд.

Директори генералии корхонаи «Зардолу ва Компания» Пулод Ашӯров, ки дар айни замон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад, зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар ҳошияи намоишгоҳ бо даъвати шахсии Директори генералии департаменти муҳити зист, саломатӣ ва бехатарии мақомоти шаҳрдории Дубай Холид Шариф ал Авадҳӣ роҳҳои содироти меваи хушки корхона ба Дубай ва таъмини он дар тамоми марказҳои фурӯшандагии шаҳр баррасӣ гардид, ки дар ояндаи наздик ба натиҷаҳои хуб хоҳем расид».

Ба гуфтаи Пулод Ашӯров, зимни гузаронидани Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” аз ҷониби чанд ширкати истеҳсолкунандаи меваҳои хушки давлатҳои ИДМ, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон муаррифиномаҳо оид ба пешниҳод ва сатҳу сифати маҳсулот, ҳамкорӣ бо иштирокдорон ва меҳмонони шаҳри Дубай пешниҳод карда шуд. Дар ҷараёни пешниҳод муаррифиномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- корхонаи «Зардолу ва Компания» муваффақ шуд, то имкони содирот кардани меваҳои хушкро дар АМА ба даст орад, ки ин натиҷаи хубест дар самти кор ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ.


«Дар тӯли зиёда аз 3 моҳи ширкати мо дар Павилиони Тоҷикистон дар «Expo Dubai 2020» чорабиниҳои зиёде оид ба таъмчашии меваҳои хушки шаҳдбори Тоҷикистони азиз гузаронида шуд, ки пас аз он аз ҷониби меҳмонон ва сокинони шаҳри Дубай, хусусан ба зардолуи навъи қандақи Ашт баҳои баланд дода шуд. Ҳангоми истеъмоли меваҳои хушк меҳмонон ва сокинони шаҳри Дубай аз мо суол мекарданд, ки чаро меваҳои шумо ин қадар болаззатанд, чаро маҳсулоти шумо дар мағозаҳои мо дида намешаванд, дар ҳоле ки ин гуна таъми хуш доранд? То ба ҳол ба мо аз ҷониби меҳмонон пешниҳодҳо карда мешаванд, ки чӣ гуна метавон маҳсулоти шуморо ба кишварҳои мо бештар дастрас намуд», — изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Зардолу ва Компания” ба парвариш, ҷамъоварӣ, бастабандӣ ва ба навъҳо ҷудо кардан, хунук кардан, нигоҳдорӣ ва содироти меваи тар ва хушк машғул аст, ки иқтидори кориаш дар як шабонарӯз то ба 50-55 тонна мерасад. Дар сардхонаҳои иншоот беш аз 200 тонна мева дар як вақт дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Иншооти он аз 4 қисмат иборат буда, масоҳати умумиаш 675 метри мураббаъ аст. Қисмати якуми он барои қабули мева, қисмати дуюм барои навъҷудокунӣ, поксозӣ ва банду басти он барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор кардан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон пешбинӣ шудаанд.

Пулод Ашӯров иттилоъ дод, ки корхона бештар ба кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Полша, Англия, Литва маҳсулот содирот мекунад.

Зикр гардид, ки барои пешрафти кор ва ҷавобгӯ будан ба стандартҳои ҷаҳонӣ соли 2017 таҷҳизоти итолиявӣ аз технологияи аврупоии Евро-2017 барои ба навъҳо ҷудо кардан, калибркунӣ ва бастабандӣ бо камераи пайгирии CDD бо иқтидори то 3000 кг дар як соат харидорӣ карда шуд. Сехи истеҳсолӣ дар масоҳати 722 метри мураббаъ ба истифода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июни соли 2013 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо фаъолияти корхонаи мазкур аз наздик шинос шуда, таъкид доштанд, ки барои афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсол, коркард ва содироти меваи тару хушк аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда бояд васеъ истифода карда шавад, зеро ин аз ҳисоби афзун намудани иқтидори содиротии кишвар имконпазир аст.

Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии «Экспо 2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Асрори санг» низ фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти корхона ба маърази тамошобинон ва бозори АМА роҳ ёфт.

Тавре аз корхонаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид карда шуда, дар корхона аз сангҳои табиии Тоҷикистон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанди ҳархела, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол карда мешаванд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг, расму оин ва маданияти миллати тоҷик тасвир ёфта, хонаву маконеро дар ҳар гӯшаи дунё зебу нур мебахшанд.

Дар маҷмуъ, иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор адад маҳсулот буда, марҳила ба марҳила бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ин нишондиҳанда зиёд мегардад.


Зикр карда шуд, ки маҳсулоти корхона бо назардошти талаботу стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар дохил ва хориҷи мамлакат харидорони зиёд дорад. Сангҳои ороишӣ ва армуғони корхона асосан ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо содирот карда мешаванд.

Дар шаҳри Душанбе ду мағозаи фирмавии корхона ба фаъолият оғоз намудаанд, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд аз онҳо молҳои армуғонии аз сангҳои ороишӣ ва худҷило омодашударо харидорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2020» муддати 6 моҳ: аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амал мекунад.

Аз оғози кушодашавии павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра аз он зиёда аз 300 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуда, бо фарҳангу нигораҳои таърихӣ, имконияти сармоягузориву сайёҳии кишвар, ҳайвонҳои нодир ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос шуданд.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКСҲО: манбаъҳои боз

 

Февраль 19, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд
Байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази илмӣ -тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Чин Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти метрология ба имзо расид
Соли равон дар Суғд ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст
Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид