Дар Будапешт бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон намоиши филм доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Будапешт 11 феврал бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон, дар Қасри кинои «Урания» асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии «Дарвеши ланг» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.
Ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.
Кинофилми бадеии «Дарвеши ланг» -ро коргардони кино ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов бо ҳамдастии коргардони маҷорӣ Киш Йожеф эҷод кардаанд.


Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд. Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устуворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд.
Тамосҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар сатҳҳои гуногун идома доранд.
Ҳамкорӣ бо Маҷористон дар соҳаи тиб дар ҳоли рушд қарор дошта, айни замон бештар ба хариду фурӯши доруворӣ равона карда шудааст.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






