Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Валид Абдулраҳман ал-Решайдан доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуда, сармояро зарурати тавсеаи ҳамкории муштарак ва афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар таъкид намуданд.
Дар ҷараёни гуфтушунид раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 22 феврали соли 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи соли 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз- пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри соли 2008 кушода шуд. Сафорати Шоҳигарии Саудӣ дар Душанбе соли 2010 ифтитоҳ ёфт.
Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкорӣ таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкории бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






