Дар Душанбе ба ифтихори 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 1.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ дар мавзӯи «Абурайҳон Берунӣ-мутафаккири бузурги Машриқзамин» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.
Мавриди зикр аст, ки 1050- солагии Абурайҳони Берунӣ моҳи ноябри соли гузашта ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Дар назар аст, ки дар кори конференсия олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намоянд.
Натиҷаи конференсияи байналмилалӣ дар шакли «Маводи конференсияи байналмилалӣ» ба нашр расонида мешавад.
Осорхонаи миллӣ аз ҳамаи донишмандону пажӯҳишгарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар даъват ба амал меорад, ки мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро оид ба мавзӯи мазкур барои нашр ба унвони осорхонаи мазкур ирсол намоянд.
Нишонӣ: ш. Душанбе, И. Сомонӣ 11, суроғаи электронӣ: orientalic_91@mail.ru
Тел.: 227-85-80, (+992) 93-422-48-58
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






